Нашрияи Омӯзгор

Ҳимоятгари забони миллат

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Муҳаббату садоқати устод Садриддин Айнӣ ба забони модариаш беканор буд. Ӯ дар роҳи ҳифзи он вақт ва саломатии худро дареғ намедошт.

Ба хотир биёрем солҳои аввали ҳокимияти Шӯравиро. Дар асное, ки партия ба халқҳои Осиёи Миёна соҳибихтиёрии миллӣ дода, дар байни онҳо тақсимоти ҳудуди миллӣ мегузаронид, душманони халқи тоҷик – пантуркис-тон ва панэронистон ақидаҳои зиддихалқӣ ва зиддитаърихиро пеш гузошта,  ҷор мезаданд:

«Дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқе нест»

«Тоҷикон забони адабӣ надоранд. Ин забон, ки имрӯз матбуоти тоҷик доро мебошад, махсуси забони форсист». Барои маҳкум намудани ин фикрҳои ботил устод Айнӣ ба сифати ҳомии ҷасури халқи худ ба майдони мубориза омад. Вай ғайр аз навиштани мақолаҳои зиёди публитсистӣ дар муддати кӯтоҳе асари «Намунаи адабиёти тоҷик» - ро офарид ва дар зимни тасвири адабиёти ғанӣ ва ҳазорсола ба забони тоҷикӣ исбот намуд, ки пайдоиш ва равнақи забону адабиёти тоҷик дар Осиёи Миёна таъсири халқҳои дигар нест, балки самараи заковат ва меҳнати халқест бо номи тоҷик, ки дар ин сарзамин аз қадимулайём истиқомат дорад.

Дар ин мубоҳиса ва муноқишаҳо перомуни ҳастию мавқеи халқи тоҷик ва забону таъриху адабиёти ин халқ, чунонки адабиётшинос Раҳим Ҳошим мегӯяд, «меҳвари асосӣ устод Айнӣ буд». Айнӣ дар асоси далелҳои фаровон ягона усули дурустро дар роҳи ташаккули забони миллӣ дар он дарёфт намуд, ки забони адабиёти классикӣ дар асоси забони зинда, содаю оммафаҳм демократӣ кунонда шавад. Худи ӯ дар навиштаҳояш аз ҳамин мавқеъ амал намуда, бо роҳи донишмандона ба ҳам муттаҳид, синтез кардани унсурҳои қобил ва созгори ҳар ду сарчашмаи муҳим беҳтарин намунаи забони адабии имрӯзаи тоҷикро ба вуҷуд овард ва дигаронро ба ин равиш ҳидоят кард.

Ҳақ бар ҷониби профессор И.С.Брагинский мебошад, ки гуфтааст: «Забони пуробуранг, аз луғатҳои маишию муқаррарӣ саршори Айнӣ асоси забони адабии имрӯзаи тоҷик қарор гирифт».

Давлатшо Ғуломшоев,

омӯзгори мактаби №56,

ноҳияи Данғара 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш