Дар зиндагӣ ба мартабаҳои баланд расидааст ӯ; аз омӯзгори қаторӣ то ба дараҷаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ, ректори донишкада. Боздид аз як қатор кишварҳои ҷаҳон низ насибаш гаштааст. Дар конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар Англия, Шветсия, Руминия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон иштироку суханронӣ намудааст. Ба назар гиребони ҳеҷ орзуе намонда, ки дасташ нарасида бошад. Шукргузор аст, албатта, аз чунин ранг гирифтани рӯзгораш.
«Шумо Москва не, Тошканд меравед»
Ҳабибулло соли 1961 мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Панҷакентро бо медали тилло хатм намуд ва озими Душанбе шуд. Тӯшаи роҳ дониши қавӣ гирифт, хоса аз математика, зеро аз муаллимони номдор Муҳаммадӣ Юнусов ва Зиёбой Абдураҳмонов сабақи хуб омӯхта буд. Дар пойтахт ба Донишкадаи политехникӣ ҳуҷҷат супурд ба хотири таҳсил дар Институти технологии Москва. Баъди анҷоми имтиҳоноти қабул дар комиссияи мандатӣ ғайричашмдошт донишҷӯи Институти бофандагии Тошканд эълонаш карданд. Чун нияташ тамоман дигар буд, ба қавле, бо гардани баста ба Тошканд рафт. Базӯр ду ҳафта тоқат намуду… баргашт ба зодгоҳ. Бо даъвати директори мактабашон Аҳрор Нақибов муаллими тарбияи ҷисмонӣ шуд, зеро мактаби варзишии шаҳрро низ хатм карда буд. Соли дигар донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд.
Дар ин ҷо аз миёни омӯзгорон бештар бо муаллими математика И. Назиров, ки дониши қавӣ дошт, унс гирифт. Шавқи зиёди шогирдро дида, муаллим ӯро бисёр мепурсид, муодилаҳои торафт мураккаб медод ва чун ҳаллашон мекард, шод мегашт.
«Муаллим»-и 17-солаи университет
Охирҳои соли якуми таҳсил И. Назиров ин шогирди фаъолашро назди худ хонда, пешниҳод кард, ки ба ҷояш ба ҳамкурсон ӯ дарс диҳад. Ба аудитория ҳамроҳ даромаданду Назаров муаллими «нав»-ро шинос намуд. Баъди ин дарси ғайриинтизор, ки хуб гузашт, аз аудитория берун омаду вуҷудашро эҳсоси гуворои ифтихор фаро гирифт, ки ӯ, ҷавони 17 - сола, дар калонтарин ва бонуфузтарин донишгоҳи ҷумҳурӣ дарс дод. Баъдан чунин ҳодиса на як бору ду бор такрор ёфт, ки гувоҳи боварию эътимоди устодаш буд. Рафта – рафта ҳамсабақон Ҳабибуллоро «муаллим» ном мебурдагӣ шуданд. Бидуни тамасхуру истеҳзо. Зеро медиданд, ки аз математика воқеан дониши хуб дорад. Меҳри омӯзгорӣ шояд ҳамон соатҳо дар қалбаш маскан гирифта, роҳи фардояшро муайян сохт.
Баъди хатми донишгоҳ Ҳабибулло Бобоевро чун мутахассиси болаёқати дар кафедраи иқтисоди сиёсӣ ба кор гирифтанд. Муддати мадиде нагузашта, мудири кафедра панҷ мутахассиси ҷавон, аз ҷумла қаҳрамони моро ба машварат хонда, гуфт, ки таълим ба забони тоҷикиро низ бояд ба роҳ монд ва ин кори муҳим ба зиммаашон вогузор мешавад. Ҳамин тавр, гурӯҳи вижа аз паи таҳияи маводи зарурӣ ба забони тоҷикӣ шуд. Дар натиҷа, дар факулта гурӯҳҳои тоҷикӣ низ пайдо шудан гирифтанд. Ин солҳои 1967-70 буд. Яъне, чанд даҳсола қабл аз оғози муборизаи аҳли ҷомеа барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ. Соли 1970 ба аспирантураи назди кафедра дохил шуда, «Оид ба масъалаҳои такмили муносибатҳои аграрӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Баъди як соли ҳимоя унвони дотсент гирифт. Олими ҷавон ба донишҷуён тоҷикӣ дарс мегуфт, дастурҳои таълимӣ ва методӣ таҳия мекард.
Дар ҳамин давра сафари Москва карду он ҷо дар Донишгоҳи ба номи Ломоносов Институти такмили ихтисосро хатм намуд.
Сафари Кобул. «11 омӯзгори мумтоз»
Соли 1981 дар рӯзгори омӯзгору олими ҷавон гардиши куллӣ ба амал омад. Барои ёрӣ ба Университети Кобул дар такмили таълим аз Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи омӯзгорону олимон ба Афғонистон фиристода шуд, ки аксарияташон аз донишгоҳҳои Тоҷикистон буданд, аз ҷумла, Ҳабибулло Бобоев. Дар Донишгоҳи Кобул ӯро мушовири декани факултаи иқтисод ва мудири кафедраи назарияи иқтисод таъйин намуданд. Қариб панҷ сол дар шароити ҷанг дар ин ҷо кор кард.
Лавҳаи фахрии донишгоҳ - «Омӯзгорони мумтоз»-ро акси 11 нафар зеб медод. Аз шӯравиҳо танҳо акси ӯ гузошта шуда буд, ҳамон ҳам бо тавсияи худи афғонҳо. Вақте дар Кобул нахустин техникуми молиявӣ таъсис ёфт, барои он нақшаи фарогири таълимӣ таҳия кард, ки ин заҳматаш бо Ифтихорномаи сафорати СССР дар Афғонистон ва Вазорати маорифи кишвар қадр гардид. Ҳамчунин, ду китоби дарсӣ, курси лексияҳо барои донишҷуён, чор монография интишор дод он ҷо ба забони дарӣ. Махсусан, монографияаш «Принсипҳои илмии банақшагирии иқтисоди миллӣ» баҳои баланд гирифт, аз ҷумла, дар Шӯрои вазирони Афғонистон. Дар ин панҷ сол ӯ панҷ омӯзгори назарияи иқтисод тайёр кард, ки ду нафараш дар Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
«Муовини вазир шудан, албатта, хуб, лекин…»
Соли 1985 ба Душанбе, ба ДДТ баргашт. Тӯли чор соли баъдӣ муовини декани факултаи донишҷӯёни хориҷӣ ва мудири кафедраи иқтисоди сиёсии умумидонишгоҳӣ шуд.
Фаъолияти хуб дошт, ки вақте устоду роҳбараш Талбак Назаров Вазири маориф таъйин шуд, Ҳабибуллоро бо худ ба вазорат бурд ба идораи таълими фанҳои ҷамъиятӣ ва масъалаҳои тарбия, ба вазифаи муовини сардори идора.
Устод Ҳ. Бобоев солҳои 1991-95 аввал чун мушовири калони Президенти кишвар, сонитар, мудири шуъбаи илм, фарҳанг ва масъалаҳои иҷтимоии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуд.
Ҳақиқат мешавад пирӯз
Гарон омаданд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлати ҷавони тоҷикон. Дар ин давраи фоҷиавии миллат мухолифин дар роҳи ғасби ҳокимият натанҳо мардуми бегуноҳро мекушт, балки сиёсатмадорон, арбобони илму фарҳанг, хизматчиёни давлатиро низ ба ҳадаф мегирифт. Ҳабибулло Бобоев ҳам, тавре нақл мекунад, аз он солҳои хуношом, бо ҷумла кормандони дастгоҳи Президент ва Шӯрои вазирон се маротиба аз ҷониби мухолифини шаётинботин гаравгон гирифта шуд. Танҳо пас аз ба сари ҳукумат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеде дар дили мардум шуъла зад, ки ин шоми сиёҳ ҳатман субҳи сафед дорад. Ва халқ яктан шуд бо Роҳнамояш барои наҷоту ободии Ватан…
Маорифшинос
Агар ба вазифаҳои роҳбарикунандае, ки тӯли 50 соли фаъолият устод баҷо овардааст, дидаи қиёсу таҳлил дӯзем, ду хислати умдаи Ҳабибулло Бобоев зуҳур мекунад: ҳирфаият ва маҳорати волои ташкилотчигӣ. Бинобар ин, шахси навҷӯю навсоз буд ва маҳз ҳамин хислату қудраташ ҳар ҷое мерафт, муваффақаш менамуд. Аз ин рӯ, то ба дараҷаи муовини аввали вазири маориф (солҳои 2003-2005) расиданаш комилан табиист. Баъди он чанд сол ректор ва муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф буд. Чун ба нафақа баромад, ҷавобаш надоданд, мушовири ректор гирифтанд, зеро маорифшинос буд.
Хидмат дар хадамот
Соли 1996. Рӯзе вазири маориф Мунира Иноятова Ҳ. Бобоевро назди худ хонд. Масъалае, ки боиси мубодилаи афкор шуд, ташкили сохтори нав буд. Дар вазорат нозироти муассисаҳои таълимии миёнаи махсус амал мекард. Вазир мехост ба ҷои он ташкилоте бошад, ки сифати таълимро дар тамоми зинаҳо ташкилу назорат карда тавонад. Яъне, идораи давлатии аттестатсионӣ. Ва бо дили пур ин корро ба ӯ супурд. Дар ниҳоят ҳама вазифаю салоҳият, асноди меъёрию ҳуқуқӣ ва штатҳои сохтори навро муайяну мувофиқа намуданд, ба идора бинои алоҳида ҷудо шуд. Тадриҷан як сохтори муассире рӯи кор омад, ки таъсири мусбаташ ба сифати раванди таълим беш аз пеш рӯшан мешуд. Назорати кормандони идора аз кӯдакистон то макотиби олиро фарогир буд. Ғайр аз ин, ҳар ташкилоте, ки ба таълиму тарбия машғул мешуд, бояд литсензияи Вазорати маорифро мегирифт.
Хадамоти давлатии аттестатсионие, ки бо роҳбарии Ҳабибулло Бобоев рӯи кор омад, қадами ҷиддие ба пеш буд ҷиҳати ба низом овардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дараҷаи тахассуси педагогҳо…
Намунае аз тадқиқоти илмӣ
Аз наздик 90 асари илмию методии иншокардаи устод беш аз ҳаштод фисадаш ба умдатаин масоили маориф бахшида шудаааст, ки барои ислоҳоту такмили соҳаи маорифи ҷумҳурӣ хулосаю пешниҳодоти судманд доранд. Чанде пеш матбааи Вазорати маориф ва илм боз як китоби Ҳабибулло Бобоевро бо номи «Мавқеъ ва мақоми такмили ихтисос дар низоми миллии таҳсилот» ба табъ расонд, ки дар бахши такмили тахассус таълифи феълан ягонаи мукаммал ба ҳисоб меравад. Дар асари мазкур вазъи кунунии такмили ихтисоси кормандони соҳа, такмили ихтисос ҳамчун зинаи ҳатмии таҳсилоти миллӣ, мушкилоту масъалаҳои умдаи такмили ихтисос, мукаммалсозии раванди банақшагирии такмили ихтисос дар мактаб, ноҳияю шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ, сифати такмили он ва системаи муносибатҳо, азнавсозии сохтор ва идораи такмили ихтисос, зарурату заминаҳои ташаккули низоми миллии такмили ихтисос, стратегияи рушди он ҳамаҷониба таҳлил, хулосабандӣ ва асоснок карда шудаанд.
Ҳафтоду панҷ баҳори умр
Аълочии маориф, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоӣ (Москва), нафақахӯри шахсӣ, дорандаи ду мукофоти давлатӣ Ҳабибулло Бобоев 75-ум баҳори умрро истиқбол кард; бо шукргузорӣ аз рӯзгори пурбаракате, ки насибаш гашт, бо сипос аз модар, ки тамоми меҳрашро нисор карда, ба воя расонд, аз бародараш, ки аз синфи чор саробонии оиларо ба ҷои падар ба дӯш гирифта, дар ҳама ҳолат муттакояш буд, бо сипос аз устодонаш И. Назиров, Т. Назаров, Ҳ. Саидмуродов, Ҳ. Аъзамқулов, М. Мамадназарбеков, З. Абдуллоев, О. Акрамов, Э. Ямоқов, Н. Гадоев, Р. Раҳимов, ки маслиҳатгару раҳнамояш буданд, бо сипос аз дӯстону ҳамкорон, ки қуввати дилаш буданд…
Шамсиддин НАСРИДДИНОВ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр