Нашрияи Омӯзгор

Соҳибдилу заҳматкаш

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ касби пуршарафу ифтихорафзо мебошад ва он нафароне, ки ин пешаро интихоб кардаанд, дар ҷомеа ҳамеша соҳибэҳтирому обрӯманд мебошанд.

Бо тақозои вазифа ҳар рӯз бо омӯзгорони зиёде вомехӯрему ҳамсуҳбат мешавем, аз таҷрибаву фаъолияти пурсамари онҳо огоҳ мегардем. Дарвоқеъ, дар замони муосир бар дӯши омӯзгорон вазифаи пурмасъулият қарор дорад, ки ин, пеш аз ҳама, тарбия ва ба камол расондани насли нави ободкору созанда мебошад. Яке аз омӯзгороне, ки ҳастии хешро ба таълиму тарбия бахшидааст, омӯзгори забон ва адабиёти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №84-и шаҳри Ҳисор Элмурод Боев мебошад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа корҳои шоистаро анҷом додааст. Ӯ зуд – зуд ба идораи нашрияи «Омӯзгор» бо навиштаҳои хеш меояду аз таҷрибаву фаъолияташ хеш ҳикоятҳои ҷолиб мекунад, ки омӯзандаву ибратбахш мебошанд. Устод ифтихор мекунад, ки омӯзгор аст ва дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон нақши муассир дорад. Мусаллам аст, омӯзгор бояд ҳамеша чеҳраи кушода ва дили бузург дошта бошад, то тавонад меҳру муҳаббати донишандӯзиро дар замири хонандагон бедор намояд. Устод ҳам дар таълиму тарбия ва ҳам дар таълифу иншои мақола ва китобу дастурҳои методӣ маҳорати баланд дорад. Кӯшиш мекунад, ки дарсҳояш ҳамеша рангину ҷолиб гузаранд, то ки шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиш бедор намояд.

Зимни суҳбат Э. Боев зикр намуд, ки ҷаҳони муосир бо суръати кайҳонӣ рушд кардаву дар тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастаанд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои моддию техникӣ ва сатҳу сифати таълим баланд гардида, аз ҷумла, дар раванди машғулиятҳо ҷорӣ гардидани муносибати босалоҳият ба таълим аз он иқдомест, ки масъулияти омӯзгоронро баланд ва саъю кӯшиши мустақилона фикр карданро дар ниҳоди  хонандагон ба омӯзиш зиёд намуд. Ба андешаи муаллим, ин ҳама роҳу шеваи тадрис, агар худи омӯзгор фаъолу лаёқатманд ва дорои ҷаҳонбинию дониши баланд набошад, самараовар нахоҳад буд. Зеро дар меҳвари таълим ҳамеша хонандагон қарор доранд. Пеш аз оғози дарс ҳамеша чанд дақиқаро баҳри таҳлилу баррасии авзои ҷаҳон бахшидан лозим аст, зеро дар замони муосир техникаву технологияи муосир рушд кардаву фазои маҷозии интернет домангири насли ҷавон гардидааст. Масъулияти омӯзгор дар ин раванд хеле бузург мебошад, чунки насли наврас аз ин деги ҷӯшони ҷаҳонишавӣ берун шуда наметавонад, фақат мебояд маърифати техникии хонандагонро баланд бардорем, то ки онҳо ҳадафмандона аз технологияи навин истифода намоянд ва ин омил ба донишу ҷахонбиниашон таъсир мусбат расонад. 

Боиси  ифтихору хушҳолист, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардида, ин иқдом  тавонист дар як муддати кӯтоҳ шавқу рағбати хонандагон, умуман, аҳли ҷомеаро ба омӯзишу мутолиаи китобҳои  бадеӣ ва  осори безаволи ниёгонамон бедор намояд. Дар ин масъала нақши омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик бузургу мондагор аст, зеро маҳз онҳо дар ин бобат таваҷҷуҳи хонандагонро ба осори бадеӣ ҷалб карда метавонанд. Аз ин рӯ, бояд худи омӯзгор пурхондаву сермутолиа бошад. Бо ин мақсад метавон аз роҳу усулҳои зиёд истифода намуд. Аз ҷумла, пешниҳоди эпизоди ҷолиб аз асари бадеӣ ва водор намудани хонандагон барои мутолиаи пурраи асар яке аз ин гуна шеваҳои кор мебошад, Инчунин, дарсҳои хониши бадеӣ  ва маҳфилҳои адабӣ, ки омӯзгорон метавонанд дар онҳо як асарро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд, дар ҷалби хонандагон ба мутолиаи осори бадеӣ нақши бузург мебозад. Тасаввур кунед, ки ба ҳисоби миёна ҳар моҳ ду асарро хонандагон мутолиа намоянд, дар як сол ин теъдод 18-20 китобро ташкил медиҳад. Гумон мекунам, ки баъди мутолиаи 5-10 китоб, ки (вобаста ба синну соли хонандагон) шавқу рағбати мутолиа дар онҳо пайдо мешавад ва моҳияту ғояи асарро амиқ дарк мекунанд.

Устод Э. Боев бо нашрияҳои даврӣ ҳамкории зич дорад, аз ҷумла, дар ҳафтаномаю маҷаллаҳои соҳаи маориф навиштаҳояш пайваста ба чоп мерасанд. Дар мақолаҳои устод масъалаҳои гуногуни таълиму тарбия ва роҳу усулҳои нави дарсӣ пешниҳод мегарданд. Ӯ бар он бовар аст, ки худомӯзӣ ва эҷодкорӣ яке аз омилҳои муваффақ гардидан ба дастоварду пешравиҳо мебошад. Мавсуф мегӯяд, ки аз матолиби нашрияҳои соҳавӣ баҳри муассир гузаштани дарсҳояш фаровон истифода менамояд ва ҳамзамон, аз таҷрибаи дигар омӯзгорон баҳравар мегардад. Ӯ муаллифи ду дастури методӣ мебошад, ки дар онҳо дар иртибот бо таҷрибаи педагогияш аз усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик нақл мекунад.

Дарвоқеъ, Э. Боев омӯзгори ҷӯянда буда, мутахассисони ҷавонро пайваста дастгирӣ менамояд. Ӯ аз он ифтихор менамояд, ки шогирдони зиёдеро ба камол расондааст, ки қисме аз онҳо пешаи омӯзгориро интихоб намудаанд ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.

Элмурод Боев барои хизматҳои шоистааш дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст. Мо ба ин омӯзгори варзида саломатии бардавом ва дар роҳи таълиму тарбияи насли ояндасоз барору комёбиҳо таманно дорем.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш