Нашрияи Омӯзгор

Дастури муфид

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Ба қарибӣ таҳти  унвони «Истифодаи барномаи  MS  Excel   дар ҳалли масъалаҳои  иқтисодӣ» китоби олимони   коллеҷи технологии шаҳри Душанбе  Ш. Дониёров, А. Нурализода, Ҷ. Шарифов, Ф. Дониёров  зери таҳрири умумии мудири кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илми иқтисодӣ Ф. Раҳимов аз чоп баромад.

Ин воситаи таълимӣ дар заминаи барномаи MS Excel таълиф ёфта, мақсад аз таҳияи он содаву оммафаҳм гардондани ҳисобгирии масъалаҳои иқтисодӣ барои донишҷӯён мебошад. Дастури  таълимӣ  барои донишҷӯёну магистрантони ихтисосҳои иқтисоди технология, соҳибкорон ва мутахассисони соҳаҳои иқтисодӣ тавсия дода мешавад.

Китоб, ки ба ифтихори Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ба нашр расидааст, туҳфаи хубест барои донишҷӯёну донишмандон ва алоқамандони соҳаи иқтисоди мамлакат.  

 

Ҳотами Ҳомид,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш