Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикон варзишгароянд

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Варзиш яке аз фанҳои муҳимест, ки  дар шогирдони мактаб  қобилияти ҷисмонию равониро инкишоф медиҳад. Кӯдакон дар дарси варзиш  худро тавоно ва хушҳол эҳсос мекунанд.

Имрӯз мо, омӯзгорони варзиш, муваззафем, ки  насли наврасро барои омӯхтану  инкишоф додани навъҳои  варзиши миллӣ омода ва шавқманд намоем. Вобаста ба навъҳои варзиши миллӣ ташкил кардани дарсҳои иловагӣ  мувофиқи мақсад мебошад.

Мардуми мо анъанаҳои қадимии ба варзиш вобаста доранд, ки ба ин силсила давидан, ҷаҳидан, ҳаво додан, чавгонбозӣ, аспдавонӣ, гӯштигирӣ, шоҳмотбозӣ... дохил мешаванд.

Дар гузашта тарбияи кӯдаконро ба се давра тақсим карда, машғулияти ҳар давраро муайян кардаанд; давраи якум аз 1 то 7 - солагӣ, давраи дуюм; аз 7 то 16 - солагӣ, давраи сеюм; аз 16 то 20 - солагиро дар бар мегирад. Таълими наврасон бештар дар ҳавои озод сурат мегирифт. Устодон бештар ба тохтан, шиноварӣ, нишонзанӣ ва чавгонбозии наврасон таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд, ки ин ҳама ба обутоб ёфтани ҷисми онҳо мусоидат мекард.

Камонварӣ  ҳам яке аз ҳунарҳои қадимтарини мардуми мост, ки то ҳол вуҷуд дорад. Дар “Шоҳнома” - и безаволи Фирдавсӣ маҳорати беҳамтои Баҳром дар камонварӣ хеле ҷолиб тасвир ёфтааст:

Ба пеш андар омад-ш оҳу ду ҷуфт,

Ҷавонмард хандон ба озода гуфт:

Ки, эй моҳ, чун ман камонро ба зеҳ

Барорам, ба шаст андар орам гиреҳ.

Ин гуна мисолҳо дар ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Маснавии маънавӣ”- и Ҷалолиддини  Балхӣ хеле зиёд аст ва аз он дарак медиҳад, ки халқи тоҷик аз қадим  ба ҳунарҳои варзишӣ шуғли тамом доштааст.

  Боз як намуди дигари бозии варзишӣ, ки мардуми тоҷик аз қадим ба он таваҷҷуҳ доштанд, гӯштигирӣ мебошад. Ин навъи варзиш таърихи чандинҳазорсола дорад. Мутафаккири бузург, олими тиб Абӯалӣ ибни Сино дар “Ал - қонун” дар хусуси муфид будани машқҳои варзишии халқӣ  сухан  гуфта, 2 тарзи гӯштигириро  дарҷ мекунад:

Тарзи якум. Гӯштингир дудаста аз камарбанди рақиб дошта, ӯро ба тарафи худ мекашад. Дар ин лаҳзаҳо ҳар як гӯштигир мехоҳад аз дасти ҳарифаш раҳо ёбад.

Тарзи дуюм: яке аз паҳлавонон бо ҳар ду даст ба паҳлавони дигар  вохӯрӣ карда, дасти рости худро аз таги дасти чапи ҳариф гузаронда, ба тарафи худ мекашад, ба паҳлу мегардонад ва дар ин лаҳза гоҳ хам гоҳ рост мешавад.

 Аз рӯйи нақлу навиштаҳои гузаштагони мо, паҳлавонони машҳур 360 тарзи гӯштигириро медонистаанд.

Чавгонбозӣ ҳам яке аз намудҳои беҳтарини варзиш маҳсуб меёфт ва зик-раш дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ борҳо омадааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ин чавгонбозӣ, шоҳмотбозӣ, камонварӣ ва чандин бозиҳои варзишии дигар нахуст дар сарзамини мо - тоҷикон ба вуҷуд омада, сипас дар ҷаҳон паҳн шудааст.

 

Исломиддин Баротов,

омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш