Имсол мо, мардуми Тоҷикистон, 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 26 - солагии Истиқлолияти кишвари маҳбубамонро ҷашн мегирем. Ба шарофати ин ҷашнҳои таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу зебо гашт, рушд ёфт, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Дар тамоми гӯшаю канори мамлакат корҳои созандагию барқароркунӣ авҷ гирифтанд, роҳҳо, биноҳои маъмурию маишӣ, боғҳо ва иншооти гуногун бунёд гардиданд. Деҳаи мо низ, ки Гиждалаобод ном дораду дар канори пойтахт, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, дар давоми ин ду даҳсолаи охир хеле ободу зебо ва назаррабо гашт. Бо вуҷуди ин, баъзе масъалаҳои ҳалталабе ҳастанд, ки мо - омӯзгоронро бетараф гузошта наметавонанд.
Боиси изтироб аст, ки солиёни зиёд мактаби деҳа, ки дорои ҳашт синфхона аст, (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и деҳаи Гиждалаободи ноҳияи Рӯдакӣ), дар вазъи садамавӣ қарор дорад. Ин синфхонаҳо ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта аз лой ба тариқи ҳашар сохта шудаанд ва тангу торику намноканд, ба заминларза тоб намеоранд, хавфноканд.
Аҳли деҳа борҳо барои бунёди синфхонаҳои нав ба масъулони ноҳия муроҷиат карданд, вале бефоида. Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» соли гузашта (15 июни соли 2017) мақолае бо номи «Соҳибкори саховатпеша» чоп шуд, ки дар он ба ин масъала ишора шуда буд, вале ин ҳам натиҷа надод.
Воқеан, моҳи июни соли 2016 мақомоти дахлдори ноҳия азм карданд, ки мактаби нав бунёд кунанд ва бо ин ҳадаф лоиҳакаширо сар карданд, аммо кор бо ҳамин қатъ шуд.
Бо мурури замон шумораи аҳолӣ дар деҳа афзуда, ба 450 хоҷагӣ расид. Солҳои охир дар ноҳияамон мактабҳои наву замонавии ҷавобгӯи талаботи рӯз сохта, ба истифода дода шуда истодаанд. Мактаби №70 аз 21 синфхона иборат буда, дар он 800 хонанда таҳсил мекунанд, ки имсол аз рӯи омор ба 930 хонанда мерасад.
Нарасидани мизу курсӣ дар синфхонаҳои хурд ба рафти таҳсил халал ворид месозад. Дар фасли зимистон барои гузаронидани дарси варзиш ҷойи муносиб нест. Аз ин сабаб, дарсҳоро устодон дар синфхонаҳо мегузаронанд. Ба гуфтаи директори мактаб Сарварой Хидирова, барои таъмири муассиса чанд сол боз маблағ ҷудо намешавад. Аз ин рӯ, ҳар сол аз ҳисоби волидайни хонандагон таъмири нопурраи мактаб ташкил карда мешавад.
Бо ин аҳвол мо чӣ гуна метавонем хонандагони болаёқат ва кадрҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз, донандаҳои хуби техникиву технологияҳои навро тарбия кунему ба воя расонем?!
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд доранд ва пайваста барои рушди ин соҳа талош меварзанд. Ҳамин аст, ки ҳар сол маоши кормандони соҳаи маориф афзуда, сатҳи зиндагии омӯзгорон беҳтар мегардад, барои тарбияи насли наврас шароити созгор ба миён меояд.
Вале аз чӣ бошад, ки шахсони масъули ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба масъалаи маориф, махсусан, бунёди мактабҳо камаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Шояд пас аз чоп шудани ин мақола масъулин ба дидани мактаби деҳаи Гиждалаобод биёянду барои ободии он чорае андешанд.
Замима:
Ҳар он ки мекунад бунёд мактаб,
Накукорӣ варо будаст матлаб.
Бувад мактаб макони илму ирфон,
Хирад бахшад барои ҷумла инсон.
Ба ин Гиждалаобод – деҳи зебо,
Ҷавонмардон намоянд мактаб эҳдо.
Агар таълимгаҳе бунёд гардад,
Тамоми аҳли деҳа шод гардад.
Дар ин ҷо маърифат гардад фаровон,
Дар ин ҷо бишкуфад гулбоғи ирфон.
Нуралӣ КАРИМОВ,
омӯзгори мактаби №70-и ноҳияи Рӯдакӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр