Нашрияи Омӯзгор

Мустақилияти хонанда-ҷавҳари таълими салоҳиянок

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар усули муносибат ба таълими салоҳиятнок ба тасдиқи мактабшиносон (М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, Б.Боронов ва чанди дигар) чанд омил меҳварсоз ва асосӣ ба шумор меравад.

Аз ҷумла, аз худ кардани дониш ва маҳорату малака дар иртибот ба фаъолияти устоду шогирд, ҳосил намудани малака, маҳорат. Пас, худи мафҳуми «салоҳият» чӣ моҳиятро доро мебошад? Ба андешаи педагоги шинохта Б.Боронов, яке аз қисматҳои ҷудонашавандаи муносибати босалоҳият дарк намудаани тарзҳои қабул ва фаҳмиши маводи таълимӣ аз тарафи хонандагон мебошад. Зери мафҳуми салоҳиятҳои асосӣ нисбат ба таълими мактабӣ қобилияти мустақилона фаъолият намудан дар ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои рӯзмарра фаҳмида мешавад. Бояд зикр намуд, ки салоҳиятҳои умумифаннӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: салоҳиятҳои маърифатӣ - таҳлилӣ, маърифатӣ - эҷодӣ, маърифати таҳқиқӣ, худшиносӣ ва мустақилият, дарк, қадр ва ҳифз кардан, ташаккули саводнокӣ, таҳқиқ ва таҳлили падидаҳои олам тавассути соҳаҳои гуногуни дониш ва иштирок дар муҳокима ва муколамаҳо. Масъалаи салоҳият ҳамчун асоси арзёбии раванд ва натиҷаҳои  таълим дар дастури методии «Муносибати босалоҳият ба таълим», ки онро кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  таҳия ва чоп намудаанд, тафсиру маънидод шудааст.  Дар дастури мазкур намунаҳои мураккабшавии салоҳиятҳо аз фанни забони модарӣ дар самти хондан дар синфҳои 1-4, аз фанни биология дар самти таълим (сохти берунӣ, морфологӣ ва муҳити зист), дар синфҳои 5-9, ҳамзамон, намунаҳои алоқамандии салоҳиятҳо бо барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои химия ва математика дар ҷадвалҳои махсус нишон дода шудааст. Тавзеҳу ташреҳи масъалаи муносибати босалоҳият дар таълим дар китоби Б.Боронов –«Муносибати босалоҳият дар синфҳои ибтидоӣ» ба таври муфассал, содаву фаҳмо баён гардидааст. Бахусус, мавзӯъҳои «Салоҳиятҳо аз фанни «Забони  модарӣ» барои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ», «Дарси маъно ва аҳамияти он дар таълими босалоҳияти хонандагони синфҳои ибтидоӣ»,  «Сохтори нақшаҳои дарс» ва ғайра хеле ҷолиб ва судманд мебошанд.

Таҳия ва чопи чунин дастурҳои  методӣ барои мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, хеле зарур ва саривақтӣ буда, барои ҳосил намудани донишҳои назариявӣ кумак мерасонад.

 

Заррина Ҷобирова,

омӯзгори мактаби №26, ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш