Нашрияи Омӯзгор

Махсусиятҳои нутқи кӯдак

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 850        Шарҳ: 0

 

Инкишофи нутқ дар ҳама намуди фаъолият, машғулият, муоширати ҳаррӯза бо калонсолон ва ҳамсолон, мавриди шиносоӣ бо муҳити атроф, табиат, омодагӣ ба саводомӯзӣ, арифметика, расмкашӣ ва ғайра дар маъдди назар аст.

Мувофиқи ақидаи равоншиносон ҳангоми бозӣ тамоми равандҳои психологии наврас таҷассум меёбад. Диққат, хотир, хаёл, тафаккур, ирода ва ғайра ташаккул ёфта, наврасон кӯшиш менамоянд, ки зиракию чолокии худро собит созанд. Кӯдакон ҳангоми бозӣ чандин калимаи наву ношиносро мешунаванду маънои онҳоро азхуд мекунанд. Машғулиятҳои инкишофи нутқро бозӣ шавқовар гардонида, барои дар хотир нигоҳ доштани мавод ёрӣ мерасонад. Аз ин рӯ, машғулиятҳо бо лаҳзаҳои бозӣ, хусусан, бозиҳои таълимӣ пурмазмун мешаванд. Байни бозӣ ва ташаккули нутқи шифоҳии кӯдакон робитаи қавии тарафайн мавҷуд аст. Аз як ҷиҳат дар ҷараёни бозӣ нутқи фаъол инкишоф меёбад, аз ҷониби дигар, бо таъсирнокии мусбии нутқи шифоҳии байниҳамдигарии нав-расон худи бозиҳо ғанитар мегарданд. Албатта, бозӣ бе истифодаи бозича намегузарад. Бозича дар баробари шавқи бачаҳоро бедор намудан боз онҳоро дар ҳайрат оварда, ба майдони амалиёт мекашад, ба сухангӯӣ, муколама, суҳбат, баҳсу мунозира, ҳатто, муноқишаву норозигиҳо боис мегардад. Хусусиятҳои психологӣ ва аҳамияти бозиҳои таълимӣ дар он аст, ки диққати хурдсолонро аз парокандашавӣ боздошта, ба марказонидани диққат мусоидат менамоянд. Кӯдакон хас-тагии худро эҳсос намекунанд.

Истифодаи аёният ба кӯдакон калима гуфтан, аз калимаҳо ибораҳо сохтану ҷумла тартиб доданро меомӯзонад. Самаранокии машғулиятҳо ҳамон вақт маълум мешавад, ки аёният бо намоиши худи ашё ё тасвири онҳо доир гардад.

Қайд намудан зарур аст, ки мураббӣ баҳри равонии нутқи шифоҳии кӯдакони синни томактабӣ калимаю ибора ва ҷумлаҳои ифодакунандаи амалиёту ҳаракатро бештар дохил менамояд. Аз қабили «Лӯхтак нишастааст», «Сагча истодааст» ва ғайра. Чунин ҳолат мураббиёнро водор менамояд, ки тарзу усулҳои гуногуни корро ҷустуҷӯ намуда, эҷодкор низ бошанд. Вобаста ба ҷумлаҳои мазкур мураббиён саволу ҷавоб менамояд.

Инкишофи нутқ, муошират ва азхудкунии малакаи хондану навиштан, дар маҷмӯъ, раванди мураккабе мебошанд, ки дар муддати он кӯдак истифодаи бошууронаи калима ва ибораҳоро барои ифодаи фикри худ дарк намуда, чӣ навъ истифода намудани онҳоро дар муошират меомӯзад.

Тамоми соҳаҳои инкишофи кӯдак ба ҳам алоқаманд буда, ба якдигар таъсир мерасонанд. Кӯдакони синнусоли томактабӣ ба воситаи бозиҳои шавқовар ва дарки фаъолонаи муҳити атроф инкишоф ёфта, таълим мегиранд. Барои дар чорабинӣ ва машғулиятҳо иштироки фаъолона кардан ба онҳо имкон додан зарур аст:

-қобилияти ҳал намудани мушкилиҳо ба инкишофи кӯдак мусоидат мекунад ва ин маҳорат дар натиҷаи бозиҳои ҳаррӯза, машғулияту машқҳо бояд пайваста такмил ёбад;

-мутахассисони соҳаи инкишоф ва омӯзиши кӯдакони синну соли томактабӣ сатҳи инкишофи фардии ҳар кӯдакро бояд ба эътибор бигиранд;

-натиҷаҳое, ки ба инкишофи нутқи кӯдак вобаста мебошанд, бояд ба хусусиятҳои инкишофу камолоти ӯ асос ёбанд;

-ҳамаи кӯдакон тавассути ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн дар оила, бо ҳамсолон ва калонсолон соҳиби дониш гашта, муайян намудани арзишҳоро дарк мекунанд;

-мураббиён, шахсоне, ки тарбияву нигоҳубини кӯдаконро ба уҳда доранд, дар инкишоф ва омӯзиши онҳо нақши муҳим мебозанд.

Дар муассисаҳои томактабӣ мураббиён бояд шахсони инсондӯсту кӯдакпарвар бошанд. Онҳо бояд баҳри ташаккули нутқи шифоҳии кӯдакони синни томактабӣ афсона, ҳикоя, ривоят, панду ҳикмат, зарбулмасалу мақол, шоҳбайтҳои бузургонро, ки мазмуни ахлоқию тарбиявӣ ва таълимӣ доранд, ҷамъ оварда, ба маврид истифода баранд.

Саврия ЗАБИРОВА, 

мураббии кӯдакистони №1-и  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш