Нашрияи Омӯзгор

Кор кардӣ, мушкил осон мешавад

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба касбу ҳунар тарбия намудани хонандагон яке аз вазифаҳои асосии мактаб, махсусан, омӯзгорони технология (касбу ҳунар) ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки дар илми педагогика вобаста ба ин мавзӯъ мақолаву рисолаҳои фаровоне навишта шудаанд.

Меҳнатдӯст будани ҳар инсон зиндагии осоиштаву саодатмандонаи ӯро таъмин менамояд. Мақоли машҳури «Меҳнат шараф аст» низ ин маъниро таъкид мекунад. Ниёгони мо меҳнату меҳнатдӯстӣ, ҳунару ҳунармандиро ситоиш намуда, ҳамбаста ба он ҳикояту ашъори зиёди пандомӯз гуфтаанд. Эшон таъкид кардаанд, ки аз меҳнат набояд канораҷӯӣ кард, набояд танбалу коргурез буд, зеро маҳз меҳнат сарчашмаи ризқу рӯзии мост.

Вақте ки кас ҳунар меомӯзад, меҳнаташ самарманд мешавад. Ин ҳама нуктаҳои муҳимро омӯзгорон дар мактаб дар ҷараёни тамоми дарсҳо бояд дар мадди назар дошта бошанд. Ҳамаи муаллимон масъуланд, ки вобаста ба тарбияи меҳнатдӯстӣ дар лаҳзаҳои мувофиқи дарсҳояшон бо шогирдон суҳбатҳо биороянд, аз методҳои гуногуни тарбия истифода намоянд. Албатта, дар ин самт нақши омӯзгорони технология (касбу ҳунар) барҷастатар аст. Ҳар як дарси технология маҳфили тарғиби касбу ҳунар бояд бошад. Муҳтавои таблиғотии дарсҳоро аз ин фанҳо муҳаққиқони илми педагогика чунин муқаррар кардаанд: тақвиятбахшии шавқу ҳаваси шогирдон нисбат ба меҳнат, аз таҳти дил, бо майли том, ҳалол кор кардан, талқини эҳтироми меҳнати якдигар, тавзеҳи зарари бекорию танбалӣ ва манфиати кори ҷисмонӣ, ташреҳи зарбулмасалу мақолҳо вобаста ба меҳнат ва ҳунар (аз қабили «Аз бекор – ҳама безор», «Касе, ки кор намекунад, намехӯрад», «Кор ор нест», «Меҳнат - роҳат», «Ҳунар беҳтар аз мероси падар», «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарбаланд»…), шарҳ додани аҳамияти сарфаю сариштакорӣ дар раванди меҳнат, тарзи муносибат бо олоти меҳнат, суҳбатҳо оид ба пешқадамони истеҳсолот, ашхоси соҳибкасби обрӯманд…

Илова ба дарсҳо, омӯзгорони технология вазифадоранд, ки як силсила чорабиниҳои беруназсинфӣ вобаста ба тарғиби меҳнатдӯстию интихоби касб баргузор намоянд. Аз ҷумла, ташкили муҳокимаи мақолаҳои алоҳидаи нашрияҳо оид ба ҳунарҳои миллӣ, омӯзишу тавзеҳбахшии асарҳои бадеии дахлдор, ташкили вохӯрӣ бо пешқадамони истеҳсолот, ҳунармандони бошараф, баргузории озмуни расмҳо дар мавзӯъҳои меҳнатдӯстӣ ва ҳунармандӣ, ташкили саёҳат ба корхонаҳои истеҳсолӣ…

Шогирдони мо ояндасози Ватананд. Барои таъмини ояндаи бештар дурахшону ободи кишвар онҳоро мебояд, ки аз ҳоло бо меҳнати шоиста унс бигиранд, ҳунар омӯзанд, накукирдор бошанд. Дар ин ҷода мо – омӯзгорон бори масъулияти ҷиддӣ ба дӯш дорем.

Исуфалӣ ТОҶИЕВ,

омӯзгори технологияи

литсейи  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш