Нашрияи Омӯзгор

Ношунавоён ва таълими онҳо

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ барои кӯдакони маъюб муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои беҳтарин бунёд гардидаву аз буҷаи давлат маблағҳои зиёде ба ин мақсад  ҷудо карда мешаванд.

Аз соли 2009 сар карда ба хонандагони мактаб-интернатҳои кӯдакони ношунаво баъди хатми синфи 10 шаҳодатнома дар бораи гирифтани маълумоти асосӣ дода мешавад.

Омӯзгоре, ки имову ишора ва методи таълими кӯдакони ношунаворо дар сатҳи зарурӣ донад, дар баланд бардоштани сатҳи дониши ин гурӯҳи кӯдакон нақши калон мебозад. Таълими забони имову ишора аз соли 2010 ба нақшаи таълимӣ ворид карда шуда, дар синфҳои тайёрӣ ду соат ва дар синфҳои 1 то 8 як соат ҷудо карда шудааст. Ба андешаи мо, барои омӯзиши имову ишора худи ношунавоён, ки маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус доранд, ҷалб карда шаванд, муҳим буда, онҳо имову ишораро ба хонандагон дар сатҳи зарурӣ меомӯзонанд. Ношунаво ишораро хуб медонад ва кӯдакони ношунаво бисёртар ба онҳо такя мекунанд. Ин чунин ношунавоён метавонанд аз фанни таърих, расмкашӣ, нақша дарс дода, ҳамчун мурабби низ фаъолият кунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди маъюбон мувофиқи маълумоти Ҷамъияти маъюбони Тоҷикистон 170 000 нафар буда, аз ин, мувофики маълумоти Иттиҳодияи миллии ношунавоёни ҷумҳурӣ 30 000-ро ношунавоён ташкил медиҳанд.

Дар ҷумҳурӣ се мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво, як мактаби махсус ва инчунин, синфҳои алоҳида дар назди мактаб дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён ба таълиму тарбияи кӯдакони ношунаво машғул буда, дар ин муассисаҳои таълимӣ 1112 хонанда таълиму тарбия мегиранд. Солҳои охир бинобар афзоиши кӯдакони ношунаво, мактаб-интернатҳо ҳамаи онҳоро ба таълим фаро гирифта наметавонанд. Зарурияти кушодани синфҳои алоҳида пеш меояд.

Теъдоди хонандагони ношунавое, ки дар мактаб-интернатҳои махсус ва дигар марказҳои рӯзона аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд то 1.01.2018 чунин аст:

№        Вилоят ва ноҳияҳо   Теъдод           Фоиз

1          Вилояти Хатлон      351      31,5

2          Душанбе ва НТҷ      428      38,2

3          Вилояти Суғд           310      27,8

4          Бадахшон      23        2,06

5          Ҳамагӣ          1112   

 

 

Дар ин муассисаҳо, инчунин, кӯдаконе ҳастанд, ки аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ ношунаво шуда, дар оила аз ду то се кӯдаки ношунаво доранд.

Мувофиқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии барқарории овоз ва садо 864 нафар ношунаво модарзод буда, боқимонда бо сабабҳои дигар ношунаво шудаанд.

№        Вилояту шаҳрҳо      Теъдод           Фоиз

1          Вилояти Хатлон      405      46,87

2          Вилояти Суғд           28        3,2

3          Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  241      27,89

4          Шаҳри Душанбе      190      22,10

            Ҳамагӣ:         864     

 

Аз рӯи татқиқотҳои гузаронида маълум гашт, ки ҳамасола ба мактаб-интернатҳо ва дигар синфҳои махсус зиёда аз 110 нафар кӯдаки мушкилоти шунавоӣ дошта ба мактаб ба синфи тайёри қабул мешавад. Ин нишондод маълум менамояд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо ҳисоби миёна аз 150 то 180 нафар кӯдак бо сабабҳои гуногун ношунаво мешаванд. Пеш аз ҳама, солҳои охир ношунаво шудани кӯдакон аз ҳисоби никоҳи хешу таборӣ афзоиш ёфта истодааст.

Ташвишовар он аст, ки дар ҳамон оилаҳое, ки аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ фарзандонашон ношунаво шуданд, он аз насл ба насл мегузарад. 

 

Ш. Шарифова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш