Нашрияи Омӯзгор

«Парасту» - тарбиятгари кӯдакон

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Муассисаи томактабии «Парасту»-и шаҳри Кӯлоб яке аз калонтарин кӯдакистонест, ки соли 1972 барои 280 нафар кӯдак сохта шуда, аз 3 бинои дуошёна ва бинои маъмурӣ иборат аст. Сарварии боғчаи мазкурро зани меҳнадӯсту меҳрубон ва соҳибкасб Гулсара Демпанаева аз соли 2017 инҷониб ба уҳда дорад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ӯ ҳис намуд, ки гирду атрофи боғча, майдончаи варзишӣ ва роҳраву истироҳатгоҳи кӯдакон дар ҳолати ногувор қарор дошта, навсозиро талаб мекунад ва бонуи дилсӯзу ғамхор корро аз батартиб даровардани гирду атрофи кӯдакистон оғоз намуда, баъдан тамоми шароитро барои қабули хурдтаракон муҳайё намуд. Мудири кӯдакистон Гулсара Демпанаева ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки дар муассиса 260 нафар тарбиятгиранда дар 12 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинои кӯдакистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо маблағи 30 000 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷраву толорҳои барҳаво, расмҳои рангоранги қаҳрамонони афсонавӣ ва бо шавқу завқ машғули бозӣ будани хурдтаракон диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

Г. Демпанаева мегӯяд:

- Баъди гузаштан ба меъёри сарикасии маблағгузорӣ вазъи молиявии кӯдакистон беҳтар гардид. Аз тарафи дигар, ҳамкориҳои самаровар бо соҳибкорону шахсони саховатпеша хуб ба роҳ монда шуда, вазъи молиявии боғча аз ҳисоби маблағгузории онҳо беҳтар гардид. Дар боғча 10 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат ва ятими кулл ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълиму тарбия, истироҳат, ҷойи бозӣ ва хоби кӯдакон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Дар кӯдакистон 12 нафар мураббӣ ва 3 омӯзгори соҳибмаълумот фаъолият мекунанд. Дар 10 гурӯҳӣ кӯдакони синни 3-7 сола машғулиятҳои забони русӣ ва англисӣ ва маҳфилҳои рассомӣ, рақсу мусиқӣ мунтазам фаъолият мекунанд. Ҳамкории кӯдакистон бо падару модарони тарбиятгирандагон  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Кормандони боғча барои баланд бардоштани савияи дониши касбии худ ҳар сол  аз курси такмили ихтисос мегузаранд. Барои омӯзгорону мураббиён беҳтарин воситаи пешбурди таълиму тарбия дастрасӣ ба маводи методиву таълимӣ ва адабиёт барои хурдтаракон мебошад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш