Имрӯзҳо сафи кӯдакони душвортарбия хеле зиёд гардидааст. Ин кӯдакон асосан аз оилаҳои носолим ё хонадоне, ки волидайни онҳо ба таълиму тарбияи фарзанди худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, баромадаанд.
Ин дар ҳолатест, ки шурӯъ аз соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Ҳоло ҳамагон айбро дар он мебинем, ки аз рӯзи пайдо шудани телефону компютер кӯдакони мо душвортарбия шудаанд. Телефонҳои гуногунтамғаро худи волидайн харидорӣ намуда, ба фарзандашон медиҳанд. Дар ин маврид беҳтараш компютерро самаранок истифода бурдан лозим аст. Аз истифодаи ҳар гуна сайтҳое, ки ба ҳолати равонии нав-расон таъсири манфӣ мерасонад, бояд худдорӣ кард. Имрӯзҳо мо шоҳиди он мешавем, ки шомгоҳон гурӯҳ – гурӯҳ наврасону ҷавонони мо дар кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳру деҳот ба беҳудагардӣ машғуланд. Волидайн гӯё ки ин ҳамаро мебинанду аҳамияте намедиҳанд. Як идда ҷавонон то бевақтии шаб доду фиғон карда, дар назди хонаҳои баландошёна ба воситаи мошинҳои худ бо мусиқии баланд шаҳрвандонро безобита месозанд. Дар маҷлисҳои падару модарон иштироки волидайн кам ба назар мерасад. Сабаби дигари ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили терроризм, куштор, дуздӣ ва ғайра даст задани ҷавонон видеороликҳо ва видеофилмҳои таҷовузкорона аз саҳифаҳои гуногуни интернетӣ мебошад. Фарзандон аз кадом сомонаҳо истифода мебаранд, инро бояд волидон донанд. Барои инсони комил гардидан на танҳо илму дониш омӯхтан лозим, балки одобу ахлоқи хуб нақши асосиро мебозад. Ҷавонони бадахлоқу бемаърифат ҳеҷ гоҳ миллатдӯсту ватанпарвар шуда наметавонанд. Аз тарафи дигар, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани бархе аз волидон ба тарбияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонад. Як гурӯҳ мактабиён шабҳои дароз аз фитаҳо филмҳои ба синну солашон номувофиқ ва даҳшатовару шаҳватбарангезро тамошо мекунанд. Хонандагон аз оилаҳои камбизоат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо мошиншӯӣ, аробакашӣ ва пулчинӣ дар нақлиёт машғуланд.
Албатта, ҳамаи ин ба паст-равии сатҳи маърифати онон бе таъсир намемонад.
Ҳусноро Ҳаитова,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии мактаби №105-и ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр