Нашрияи Омӯзгор

Корҳои лабораторӣ номукаммаланд

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

 

Мувофиқи нақшаи таълимие, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда тасдиқ намудааст (ҚМВМИҶТ аз 01.10.2018,№18/39), барои таълими физика дар синфи 7-ум 2 соат, синфи 8-ум 2 соат, синфи 9-ум 2 соат, синфи 10-ум 3 соат ва синфи 11-ум 3 соат, ҷамъ 12 соат дарс ҷудо карда шудааст.

Омӯзгорон мувофиқи барномаи таълимии фан ва китоби дарсӣ нақшаҳои тақвимии худро барои 36 ҳафтаи хониш мураттаб менамоянд. Бинобар он, зарур аст,ки китобҳои дарсӣ бо барномаҳои таълимӣ мувофиқат намоянд.

Барои ташаккул додани маҳорату малакаи хонандагон, иҷрои корҳои лабораторӣ ва озмоишҳо дар дарсҳои физика мавқеи асосӣ доранд. Вобаста ба хусусияти мазмуни кори лабораторӣ давомнокии он аз 15 то 45 дақиқа давом ёфта метавонад. Вақти барои амалияи лабораторӣ ҷудо шударо бояд пурра аз рӯи нишондод истифода кард.

Мувофиқи барномаи таълимӣ барои иҷрои корҳои лабораторӣ чунин меъёр муайян гардидааст: синфи 7-ум 9 – то синфи 8-ум 7- то синфи 9-ум 8-то ва синфи 10-ум 14-то ва сини 11-ум 9 –то ҷамъ 47 маротибаро дар як сол дар бар мегирад.

Барои гузаронидани корҳои лабораторӣ агар дар вазъияти кунунӣ дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба базаи муассиса имконият мавҷуд набошад, сабаби дигар дар китобҳои дарсӣ пурра наовардани матни тавзеҳии он мебошад.

Масалан, дар китоби дарсии физика синфи 7 (муаллифон Ф.Нормурод ва С, Қодирӣ, нашриёти «Бебок», соли 2017) ин масъала ба ҳисоб гирифта нашудааст. Аз 9 кори лаборатории дар барномаи таълимӣ нишондодашуда, танҳо кори лабораторӣ бо номи «Чен кардани ғафсии чизҳои борик ва тунук бо милапаргор» оварда шудааст, ки он бештар хоси дарсҳои технология мебошад. Дар барномаи таълимӣ ин кори лабораторӣ «Муайян кардани андозаи ҷисмҳои хурд» унвонгузорӣ шудааст. Омӯзгорони собиқадор метавонанд кори лаборатории мазкурро ба усулҳои барои хонандагон сода ва фаҳмо гузаронанд. Худ қазоват намоед, ҳангоме, ки дар муассиса милапаргор (штангенсеркул) мавҷуд набошад, омӯзгор ин корро ба хонандагон чӣ тавр мегузаронад? Бо ёрии хаткашак метавон ин корро ба таври одӣ иҷро намуд. Барои иҷрои корҳои лаборатории зерин:

1. Чен кардани ҳаҷми моеъ бо ёрии силиндри андозагирӣ;

2. Бо тарозу чен кардани массаи ҷисмҳо;

3. Муайян кардани зичии ҷисми сахт;

4. Бо ёрии динамометр чен кардани қувва;

5. Чен кардани қувваи соиши лағжиш ва муқоисаи он бо вазни ҷисм;

6. Чен кардани қувваи архимедие,ки ба ҷисми ба моеъ ғӯтонидашуда таъсир мекунад ва муайян кардани шарти шинои ҷисмҳо;

7. Омӯзиши шарти мувозинати фашанг;

8. Муайян кардани ККФ дар ҳамвории моил. Умуман, дар китоби дарсии мазкур ягон маълумоти зарурӣ оварда нашудааст.

Инчунин, мувофиқи барномаи таълимӣ барои омӯзиши боби «Ҳодисаҳои физикӣ, бузургиҳои физикӣ ва чен кардани онҳо» 3 соат  ҷудо карда шудааст. Дар китоби дарсии мазкур бошад, дар қисми муқаддимавӣ 20 мавзӯъ оварда шудааст ва қисми бештари онҳо барои хонандагони синфи 7 душвор мебошанд ва қисми дигаре, монанди бузургиҳои асосӣ ва ҳиссагӣ, санҷиши масоҳат, санҷиши ҳаҷм, санҷиши вақт хусусияти такрорӣ доранд, зеро ин бузургиҳо ҳангоми таълими фанни «Математика» дар синфҳои 3 ва 4 омӯхта мешаванд. Муаллифон дар ин қисмат мавзӯъҳои «Массаи ҷисмҳо» ва «Зичии модда»-ро дохил намудаанд. Тибқи пешниҳоди барномаи таълимӣ ин мавзӯъҳо бояд ҳангоми гузаштани боби «Ҳаракат ва таъсири мутақобили ҷисмҳо. Қувваҳо» омӯхта шаванд. Аз ин лиҳоз, аз тарафи муаллифон ҳангоми таълифи китоб қисмҳои барномаи таълимӣ ба ҳисоб гирифта нашудааст.

Ҷиҳати дигар, душвор будани омӯзиши китоби дарсӣ дар вожаҳои истифоданамудаи муаллифон мебошад. Иваз намудани ибораи байналхалқии СИ(системаи байналмилалӣ) ба ММП(манзумаи метрии паймонаҳо) дар физика навгонӣ мебошад, зеро калимаи «манзума» пурра маънои системаро намедиҳад. Калимаи  манзума арабиасос буда, маънои он «назм» мебошад. Инчунин, калимаи «паймона» маънои «воҳид»-ро надорад. Паймона дар шарҳи одӣ пиёла аст.

Дар деҳоти болооби Зарафшон шакли вайроншудаи калимаи «паймона»- «пемуна»-ро истифода мебаранд. Ин як намуди соғучаи чӯбин мебошад, ки аз он дар мубодилаи шир ба сифати литр истифода мебаранд. Устоҳо ин асбобро аз чӯби бед ё рем месозанд ва бо тасмаи аз пӯст тайёр кардашуда медӯзанд. Ҳар  кӯки он тавре дӯхта мешавад, ки ба ҳаҷми муайян мувофиқ бошад. Ҳангоми рехтани шир аз рӯи мавқеи сатҳи шир дар кӯк ба ҳаҷм баҳо дода мешавад. Масалан: «нимкӯка таги ду» маънои 1,5 литрро дорад. Бинобар ин, паймона воҳиди ҳаҷм мебошад.

Ҳангоми шарҳдиҳии воҳидҳои бузургиҳои асосӣ номи воҳиди бузургии қувваи рӯшноӣ «шамъ» омадааст. Номи асосии ин воҳид «кандела» мебошад ва дар ҳамаи сарчашмаҳои физикӣ бо ин ном омадааст. Шамъ бошад ашёест, ки барои равшанӣ додан истифода бурда мешавад. Ҳангоми шарҳу тавзеҳи воҳидҳои асосӣ ибораи «воҳидҳои бунёнӣ» омадааст. Хуб мешуд ибора ба «воҳидҳои бунёдӣ» иваз карда мешуд, зеро «бунёд» калимаи соф тоҷикӣ мебошад.

Камбудии дигаре, ки дар китоб ба мушоҳида мерасад, бисёр интихоб намудани мавод мебошад, ки барои хонандагони синфи 7 вазнин мебошад.

А. Раҷабов,

омӯзгори физикаи мактаби №1,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш