Нашрияи Омӯзгор

Таълими фанҳои математика ва информатика ва тайёр намудани мутахассисону омӯзгорони касбӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 840        Шарҳ: 0

 

Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар (18.03.2020)

Аз қадимулайём то ба имрӯз математика шоҳи фанҳо ба ҳисоб меравад. Математика илм дар бораи муносибатҳои миқдорӣ ва шаклҳои фазоии ҷаҳони воқеист.

Бояд қайд кард, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба таълими фанни математика дар мактабҳои миёна ва олӣ (ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ) диққати махсус дода мешуд. Ҳафтае дар мактабҳо 6 (шаш) соат дарс мегуфтанд, вале дар ибтидои замони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ шахсони масъул (муаллифони нақшаҳои таълимӣ) ин фанро нодида гирифта, миқдори соатҳои ҳафтаинаи таълимиро дар ҳама синфҳо (1-11) кам карданд. Ҳангоми ташкил ва амалисозии таълими тафриқаи соҳаи маориф ва синфҳои омӯзиши амиқ бошад, дар синфҳои тамоюли ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миқдори соатҳои дарсии фанни математикаро тамоман ба инобат нагирифта буданд. Дар синфҳои омӯзиши амиқи табиӣ ва математикӣ миқдори соатҳои таълимии фанҳои забон, адабиёт ва таърихро беасос зиёд карданд. Сабаб он гардида буд, ки шахсони таҳиякунандаи нақшаҳои таълимӣ, ҳама мутахассисони соҳаи таъриху филология буданд. Маҳз бо кӯшиши мо – баъзе омӯзгорон ва олимону методистони фанҳои математика ва информатика, ин камбудӣ роҳи ислоҳи худро ёфта буд, вале баъдан нақшаҳои нави таълимиро таҳия карда, боз ба чунин камбудӣ роҳ додаанд, ки то ҳол идома дорад. Худ фикр кунед, магар дар як ҳафта бо се соат дарс фанни математикаро самаранок таълим додан имконпазир аст? Ҳаргиз не! Ин худ сабаби коҳиши дониши хонандагон аз фанҳои математика гаштааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд  ба роҳ мондани таълими фанни математика, сифати таълими он, дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ба хонандагон омӯзонидани фанни мазкур, вақти он расидааст, ки нақшаҳои таълим ва стандарти давлатии фанни математикаро таҷдиди назар намуда, ба он тағйир ворид карда шавад. Аз ҷумла:

1. Дар равияи умумии ҳамаи синфҳо ва зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (1-11) ҳафтае ҳатман 6 (шаш)-соатӣ дарс барои таълими фанни математика ҷудо карда шавад;

2. Дар равияҳои табиӣ-математикии ҳамаи синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (1-11) ҳафтае 9 (нуҳ)-соатӣ дарс барои таълими фанни математика ҷудо карда шавад;

3. Дар равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии ҳамаи синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (1-11) ҳафтае 4 (чор)-соатӣ дарс барои таълими фанни математика ҷудо карда шавад;

4. Зиёд намудани соатҳои дарсии фанни математикаро, ки дар бандҳои 1 ва 2 дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби кам кардани соатҳои ҳафтаинаи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, ки пештар беасос аз ҳисоби фанҳои математика зиёд карда буданд, амалӣ кардан имконпазир аст;

5. Айни замон миқдори мавҷудаи соатҳои ҳафтаинаи фанни омӯзиши информатика (технологияи иттилоотӣ) ба тағйирот зарурат надорад.

Зарурати дигар, ки боиси баланд гардидани сифати таълими фанҳои математика ва информатика мегардад, ин аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия намудани ду варианти китоби дарсӣ барои ҳар як синфи таълимӣ шуда метавонад, яъне китобҳои алтернативӣ. Ин худ ба омӯзгорони фаннӣ имкон медиҳад, ки мустақилона яке аз ин китобҳои дарсиро интихоб намоянд. Муаллифони китобҳои дарсӣ бояд шахсони гуногун бошанд. Ба ҳайати муаллифони китобҳои дарсӣ ворид намудани методистони фан ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ва касбии мактабҳо зарур аст. Қобили дастгирист, ки айни замон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббус гирифта, дар сомонаи расмии вазорат файли электронии китобҳои дарсӣ ва дигар маводро ҷойгир намудааст ва ҳамаи онро аз ин сомона озодона ва бепул дастрас кардан имкон дорад.

Сифати таълими фанҳои математика ва информатикаро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ баланд бардоштан зарур аст. Тайёр намудани омӯзгорони касбӣ, барномасозони касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ талаботи замон аст. Бинобар ин, бояд нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар самти педагогӣ куллан тағйир дода шаванд ва қолабҳои пештара шикаста шаванд. Фанҳои бегонаи ғайриихтисосӣ аз бахши фанҳои асосӣ бардошта шуда, ҳамчун фанҳои интихобӣ ҳисобида шаванд. Имтиҳон, санҷиш ва рейтингҳо аз фанҳои ғайриихтисосӣ барҳам дода шаванд. Ин худ ба донишҷӯён имкониятҳо ва сабукиҳои зиёдеро фароҳам оварда, онҳо бештар ба фанҳои ихтисосӣ диққат дода, сатҳу сифати донишашонро баланд бардошта, инкишоф медиҳанд. Ба буҷаи муассисаи таълимӣ ва ҷумҳурӣ низ таъсири мусбӣ мерасонад. Масалан, дар ҳама ихтисосҳои факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 16 (шонздаҳ) фанни ғайриихтисос таълим дода мешаванд.

Аз ин фанҳо шояд танҳо фанни забони хориҷӣ зарур гардад, агар он дар ҳақиқат ба самти ихтисос мувофиқ таълим дода шавад. Қариб ҳамаи фанҳои дигари ғайриихтисосии номбаршударо дар мактабҳо меомӯзанд ва зарурати такроран омӯхтани онҳо дар МТОК нест. Ин қадар фанҳои бегона ба кӣ лозим аст? Дар оянда, пас аз хатми муассиса, чӣ лозиманд? Ҷавоб ба ин саволҳо яктост: “Ин фанҳо зарур нестанд”. Пас, биёед, ин қолабро шикаста, ба доншиҷӯён сабукиҳоро фароҳам орем, то фанҳои ихтисосии худро бештару амиқтар омӯзанд. Бовар кунед, мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз вақти зиёди донишҷӯён ба омӯзиши ҳамин фанҳои ғайриихтисос сарф мегардад ва мушкилию монеагиҳои зиёдро ба миён меорад. Боз як фанни дигар аст, ки онро “Консепсияи рушди илмҳои табиатшиносии муосир” ном мебаранд. Вале агар ба мавзӯъҳои он диққат диҳем, ҳама ба фанни географияи табиӣ тааллуқ доранд.

Дар бораи фанни “Таърихи фалсафа ва илм” андешаҳоямро баён карданӣ ҳастам. Ба номи худи фан диққат медиҳем ва мебинем, ки дар он “таърихи илм” омадааст, яъне омӯзгорони фанни фалсафа бояд таърихи илмро, ки ба ихтисоси донишҷӯён рабт доранд, омӯзонанд. Барои факултаи математика бояд таърихи илм ба самти математика ва информатика мувофиқ омӯзанд. Дар асл бошад, мавзӯъҳои дарсии онҳо ҳама ба фанҳои таъриху сиёсатшиносӣ дахл доранд. Аз рӯйи ихтисос ягон мавзӯъ нест! Ин қолабро низ шикастан лозим. Ҳангоми супурдани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ низ ҳамин аҳвол аст ва бояд куллан тағйир дода шавад. Мавзӯъҳо ва саволҳо ҳатман бояд аз таърихи илми ихтисосӣ бошанд. Қайд мекунам, ки таърихи илмро ҳамон омӯзгор ё олиме дарс дода метавонад, ки омӯзгор ё олими ҳамон соҳа бошад, яъне математика ва информатика. Ин эродҳо ба имтиҳонҳои минимуми номзадӣ аз фанни забони хориҷӣ низ дахл доранд.

Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бениҳоят хубро пеш гирифта, дар ҷумҳуриамон Комиссияи олии аттестатсиониро ташкил доданд. Ин ба олимон имкон медиҳад, ки рисолаҳои илмии худро саривақт дифоъ намоянд. Доир ба ин масъала чунин пешниҳод дорем. Аввалан, дар номгӯйи ихтисосҳои 13.00.02 ва 13.00.08, ки ба методикаи таълими математика, информатика, физика, химия, умуман ба методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ вобастаанд, бояд тағйирот ворид намуд. Методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзиро набояд ба гурӯҳи ихтисосҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дохил кард. Методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзиро ҳатман ба гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ дохил кардан зарур аст. Ин камбудӣ қаблан низ буд ва бояд ислоҳ карда шавад. Пешниҳоди дигар доир ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти унвонҳои илмӣ аст (дотсент ё профессор). Дар феҳристи ҳуҷҷатҳои талабшаванда номгӯйи ҳуҷҷатҳо такрор шудаанд. Масалан, рӯйхати интишороти умумӣ ва панҷ соли охир, варақаи баҳисобгирии кадрҳо ва анкета. Умуман, рӯйхати феҳристро кам кардан лозим аст. Ҳангоми додани унвони илмӣ фаъолияти илмию-методии омӯзгорро ба инобат гирифтан лозим аст, на собиқаи кории ӯро.

Масъалаи дигар, ин риояи ҳатмии робитаи байнифаннии фанҳои математика ва информатика дар барномаҳои таълим мебошад. Дар курси математикаи мактабӣ омӯзиши мафҳуми функсияро, чун пештара, бояд аз синфи 7 оғоз кард. Омӯзиши функсияҳои математикӣ аз синфи 8 бояд оғоз ёбанд. Ҳоло бошад, мавзӯъҳои мазкур дар охири синфи 9 оғоз меёбанд ва ҳангоми таълими фанни информатика, бинобар надонистани функсияҳо, хонанда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Хуб мешуд, ки ба хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои техникӣ асосҳои барномасозӣ дар доираи фанни информатика бо як забони барномасозӣ дар реҷаи консолӣ (масалан, PascalABC.Net) омӯзонида шавад. Дар синфҳои поёнӣ бошад, техникаю технологияи компютерӣ ва яке аз бастаҳои офисӣ таълим дода шаванд.

Аҳтам НАЗАРОВ,

номзади илмҳои педагогӣ,

дотсенти ДДОТ

ба номи С. Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш