Китоби нави адибони соҳибистеъдод Сайфулло Қулаев ва Амрулло Нурализода «Душанбе –Тошкент девони» (ба забони ӯзбекӣ) дар пойтахти кишварамон ба нашр расид, ки ба ситоиши дӯстии халқҳои ҳамҷавори тоҷику ӯзбек ва равобити ҳасанаи ин ду халқи куҳанбунёд бахшида шудааст. Китоб аз силсилаи шеърҳо, лавҳаҳо ва гузоришоти рангину ҷолиб иборат буда, суратҳои гуногуни марбут ба мавзӯи дӯстиро дар бар гирифтааст.
Китоби «Душанбе –Тошкент девони» («Девони Душанбею Тошкент») дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши шоиста хоҳад гузошт.
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр