Ба шарофати Истиқлолияти сиёсӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пардохтааст. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон хурофоту таассуб мавҷуд аст.
Ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгароиро тавлид карда, абзори муҳим барои ба вуҷуд омадани беназмӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа мегардад. Илова бар ин, роҳи тараққиёту таҳаввули иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва фарҳангиро ба таври куллӣ баста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки ифротгароӣ бо бунёдгароӣ (фундаментализм) ва радикализм (тундгароӣ) иртибот дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмӯаи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман, моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд ва саранҷом боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшати мардум мегарданд.
Дар таърихи мардуми ҷаҳон усулгароӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динии мазҳабӣ берабтӣ ва шикасти пайвандҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, кулли балову нобасомониҳоро сарманша будааст. Ҳама гуна ақидаҳои бебунёд, ки дар назари пайравонаш усулан аслӣ ва решагӣ мебошанд, ногузир ба ҷангу хунрезӣ оварда мерасонанд.
Сарнавишти миллатҳо дар ҳама давру замон ба чигунагии вазъи ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ вобаста мебошад. Маншаъ ва омилҳои пайдоиши ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама, дар ақибмондагии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳар қадар ҷомеа моил ба ҷаҳолату афкори пӯсидаи гузашта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифроту хурофот онро таҳдид мекунад ва як бемории риққатбор ва андешакуши иҷтимоӣ аст. Нахуст бояд бемориро аз дарун ҷӯем, чунки дар пайдоиши ифротгароиву бунёдгароии динӣ, пеш аз ҳама, омилҳои дохилӣ мавқеъ доранд. Онҳо бештар сабаби густариши хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ мешаванд. Агар камбудиҳои иҷтимоии дохилӣ, аз як тараф, сабаби ба вуҷуд омадани ифротгароиву бунёдгароӣ дар бисёр ҳолатҳо шуда бошад, аз ҷониби дигар, мавқеи ҷуғрофӣ низ дар густариши ифротгароӣ таъсир дорад. Камбуди об дар минтақа, гармии аз ҳад зиёд, саҳронишинӣ омилҳое мебошанд, ки дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ҳамеша домангири ҷомеа буданд.
Тӯли се асри гузашта, ислом ва ҷомеаи исломӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор буд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби Урупо мудохилакорӣ дар корҳои дохилии кишвари Эрон) ва исломиён ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва усули бунёдӣ медиданд.
Ба таври куллӣ, ҷунбиши бунёдгароии исломӣ, чи дар шакли пайгирона ва чи дар шакли ғайрифаъолаш дорои се вижа мебошад: 1) фарогиранда;
2) чандмарказӣ; 3) мудовамат.
Шакли муборизоти динӣ-мазҳабӣ дар ҷаҳони муосири исломӣ бештар рӯйи таассуби динӣ қарор дорад. Хусусиятҳои фарогиранда, чандмарказӣ ва муҳимтар аз ҳама, мудовамати ҷунбишҳои исломии экстремистӣ дар тавсеа ва густариши низоми ифротӣ дар минтақаҳо мухталифи даргир дар шаклҳои нав дар шароити феълӣ низ муассиранд. «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-Қоида», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ» ва дигар созмонҳои сиёсии исломӣ дар шароити имрӯзӣ тавлидгари асосии низомҳои ифротӣ-экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Созмонҳои мазкур на танҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки куллии башариятро дар хатар мегузоранд. Ин аст, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои махуф мубориза мебарад ва дар ҳар минтақаи ҷаҳон садо муқобили ифротгароён баланд аст.
Воқеияти имрӯз бори дигар моро ҳушдор мекунад, ки сарнавишти миллати мо дар раванди ифротгаройии динӣ рӯйи хатари ҷиддӣ қарор дорад. Чунин вазъ агар ба самти худшиносӣ ва миллатгароӣ тағйир накунад, оянда давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикро ба мушкилоти азим мувоҷеҳ месозад.
Хатар, пеш аз ҳама, он аст, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ хеле заиф ба назар мерасанд ва ин бахшҳо байни худ дар бархӯрди огоҳона ва ноогоҳона қарор дошта, ҳанӯз ба сатҳи иттиҳоди миллӣ ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Ҷомеаи мо, бо он ки дар садаи муколамаи инсону кайҳон қарор дорад, мутаассифона, суннатӣ, ақибмонда ва вопасгарост. Бо назардошти ин ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз кам гардидани ифротгароии динӣ-мазҳабӣ бо ҳам якҷоя шуда, бо ин роҳ барои мубориза алайҳи бунёдгароӣ, тундгаройӣ ва экстремизми динӣ саҳми босазо гузоранд.
Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии АМИ ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр