Директори Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Раҳимӣ андеша дорад, ки омили асосӣ сатҳи тарбия дар худи оила аст. Оилаҳое ҳастанд, ки нопурраанд (дар чунин оилаҳо ё падар ё модар дар тарбияи фарзанд ҳузур надоранд), ё пурраанду (дар чунин оилаҳо падару модар дар тарбия ҳузур доранд) волидон ба ҷангу ҷанҷоли байни ҳам “саргарм”, ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ намекунанд, оилаҳои сарватманд, ки аксар вақт ба корҳои муҳимми давлативу тиҷоратӣ машғуланд, барои таълиму тарбияи фарзанд вақт намеёбанд. Фикр мекунанд, ки бо таъмин кардани фарзандон аз ҷиҳати моддӣ рисолаташонро иҷро кардаанд. Бо ғизои маънавӣ таъмин кардани фарзандонро кори дуюмдараҷа меҳисобанд. Ҳатто баъзе волидон инро сирфан кори мактаб дониста, чунин мегӯянд: Мактаб чӣ кор мекунад? Ин вазифаи мактаб аст!
Душвортарбия кист? Душвортарбия наврасест, ки дарсро намефаҳмад, ба таҳсилу ҳунаромӯзӣ шавқу рағбат надорад. Агар дурусттар диққат кунем, мебинем, ки душвортарбияҳо дар кӯдакистонҳо ҳам ҳастанд, вале мо кору амалҳои ноҷои ин кӯдаконро ба шӯхиҳои тифлона рабт медиҳем, ки амали хатост. Кӯдакро аз синни хурдӣ ба таълиму тарбия дуруст бояд роҳнамоӣ кунем. Солҳои зиёдест, ки бо бачаҳо сару кор дорам, бо боварӣ гуфта метавонам, ки бетаваҷҷуҳӣ ба фарзанд ӯро душвортарбия мегардонад.
Маъруф Шонасриддинов, мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои миллӣ ба мо гуфт, ки омилҳои душвортарбия шудани наврасон зиёданд, онҳоро наметавон бо як-ду ҷумла баён кард. Агар кӯдак дар оилае ба камол расад, ки дар он меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад ва аъзои оила ба ҳуқуқҳои ҳамдигар эҳтиром бигузоранд, албатта, фарзанди ин хонавода ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия меёбад. Муҳите, ки бачаро иҳота кардааст, низ хеле нақш мебозад дар ташаккули шахсияти ӯ. Ҷойи пинҳон нест, ки агар бо ҳамроҳони нохуб бача ҳамнишин шавад, ахлоқаш коста мегардад. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд, ки “бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ”. Низом ва маводи таълимӣ низ омилҳои таъсиргузори раванди тарбияи насли наврас мебошад. Рафтору гуфтори омӯзгорон аз директори муассиса сар карда, то муаллими фаннӣ яке аз омилҳои муҳимму таъсиррасони таълиму тарбия мебошад. Як рафтори ноҷои омӯзгор бачаро метавонад аз омӯзиш дилсард гардонад, ё баръакс, як амали хуби муаллим метавонад ҷавонро ба азхудкунии дарсҳо бештар ҷалб намояд ва рӯҳияшро баланд бардорад. Ба дарсу омӯзиш рӯ овардан ё наовардани шогирдон аз қобилиятҳои педагогии устодону омӯзгорон сахт вобастагӣ дорад. Дар бораи омилҳо гуфта, мо наметавонам аз як раванде, ки дар бетарбияву бесаробон мондани насли навраси мо рӯз ба рӯз нақши манфӣ гузошта истодааст, сарфи назар кунем. Муҳоҷират низ яке аз омилҳои асосии имрӯзии душвортарбия гардидани кӯдакону наврасон мебошад. Ҳарчанд ин як раванди табиист ва дар ҳамаи кишварҳо мушоҳида мешавад, аммо таъсири манфии худро ба насли наврас, ки ояндаи давлати мо дар дасташон аст, мегузорад. Бинобар ин, бояд аҳли ҷомеаи мо нисбат ба ин ҷараён бепарво набошанд ва онро саҳл напиндоранд. Инчунин, як омили дигаре, ки ҳамагон имрӯз аз хатари он бонги изтироб мезананд, интернет аст. Дар асре, ки технологияи иттилоотӣ рушд кардааст, мо наметавонем бачаро аз истифодаи интернет манъ кунем. Агар ӯро маҳдуд кунем, мушкил ҳал намешавад, ҷавон аз воситаҳои дигар - интернет-кафеҳо, компютеру телефонҳои дӯстон, пайвандон, ҳамсинфон истифода бурда, ба дунёи интернет ворид мешавад, зеро ин олам ҷозибае дорад, ки ҳамаро ба худ ҷалб мекунад, ба сӯйи худ мекашад. Роҳи ҳал ин аст, ки ба фарзандамон маърифати истифодаи дурусти интернетро омӯзонем, роҳнамоӣ кунем, ки аз сомонаҳои шубҳаовар ва дорои маълумоти ғайриахлоқӣ истифода набаранд. Завқу салиқаи бачаро ба назар гирифта, вобаста ба он шабакаҳои омӯзиширо пайдо кунем ва онҳоро машғул дорем.
Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ–фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Ғуломзода чунин меҳисобад, ки яке аз сабабҳои аслии душвортарбия шудани фарзандон эрка ё нозпарвард кардани онҳост. Ин падида бештар дар оилаҳои мансабдорону сарватмандон ба чашм мерасад. Аз сабабе ки волидон ҳамеша дар канори фарзандон нестанд, бо пул ва ё иҷро кардани дилхоҳ хостаҳои онҳо набуданашонро ҷуброн карданӣ мешаванд, ки мутлақо хатост. Пулу мол ҷойи меҳри падару модарро гирифта наметавонад. Вақте гуфтори волидон дигар асту рафтор дигар, ин ҳам фарзандро ба сардаргумӣ мебарад. Фаромӯш набояд кард, ки кӯдакон ҳар як рафтори калонсолонро назорат карда, нусхабардорӣ менамоянд. Бинобар ин, бояд худи волидон барои фарзандон намунаи ибрат бошанд. Мутаассифона, имрӯзҳо волидон ба рушди маънавии кӯдакон кам аҳамият медиҳанд, яъне онҳоро ба театр, хонаҳои фарҳанг, консертҳо, спектаклҳо, намоишномаҳои театрӣ, ки барномаҳои тарбиявии хуб доранд, осорхонаҳо, сайру тамошо ба боғу гулгаштҳо ё ҷойҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ намебаранд, ё баранд ҳам, шумораи хеле ками падару модарон ин амалҳоро анҷом медиҳанд. Вақте кӯдак аз хурдӣ дар рӯҳияи зебоиву зебоипарастӣ бузург мешавад, албатта, дар зиндагии ояндаи ӯ нақши калон мебозад.
(Давом дорад)
Дилафрӯз Қурбонӣ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр