Моҳи сентябри соли ҷорӣ мо, тоҷикон, ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразмро қайд менамоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки маданияти беш аз панҷҳазорсолаамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Бо ин мақсад дар кулли муассисаҳои таълимии мамлакат низ вохӯриву чорабиниҳои мухталиф соз-мон медиҳанд. Дар литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат конфронси илмӣ – назариявӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар мавзӯи «Саразм – хазинаи тиллоии халқи тоҷик» бо иштироки меҳмонон, устодону хонандагон барпо гардид.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории конфронси мазкур дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ин восита дар ниҳоди ҷавонону наврасон парваридани ҳисси эҳтиром ба таърихи гузаштаи худ, ҳамчунин, муаррифии таърихи бою пурғановати миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Зимни ифтитоҳи конфронс ва суханронӣ директори литсей Бобо Мирзоев қайд кард, ки мамнӯъгоҳи Саразм минбаъд ба яке аз нуқтаҳои муҳимтарини сайёҳӣ табдил ёфта, хонандагон низ бояд дар муаррифии он саҳмгузор бошанд ва ба ин васила дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми муносиби худро гузоранд. Директор афзуд, чунин ҳамоишҳо то рӯзи баргузории ҷашни асосӣ ба таври силсилавӣ дар литсей идома хоҳанд ёфт.
Корманди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Бобомуллоев, ки чандест дар ковишҳои археологии мавзеи Саразм фаъолият дорад, аз натиҷаи корҳои бадастомада дар ин самт андешаҳои хотирмон ироа намуд. Ҳамчунин, сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ Аскар Худоиев ва муовини директори литсейи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Сафиуллоҳ Носиров дар мавзӯъҳои «Нақши олимони тоҷик дар рушди омӯзиши таърихи инкишофи Саразми бостонӣ» ва «Саразм –ганҷинаи бебаҳои таърихи мардуми тоҷик» суханронӣ карданд.
Дар рафти ҳамоиш ба ҳозирин намунаи либосҳои миллии қадимаи тоҷикӣ, саҳначаҳо оид ба бозёфтҳои аввалин аз мамнӯъгоҳ намоиш дода шуд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр