Нашрияи Омӯзгор

Кори иҷтимоӣ – ихтисоси нав

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Вобаста ба хусусиятҳои минтақавии муассисаҳои олӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодии маҳал, таъминоти моддӣ ва методии мактаби олӣ дар соли таҳсили 2012-2013 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз рӯи ихтисоси кори иҷтимоӣ донишҷӯён қабул шудаанд.

Пайрав Мирзоашрафов, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик афзуд, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар самти кори иҷтимоӣ дар деҳа, кор бо маъ-юбон, бо мизоҷ, пиронсолон, ҳуқуқи кори иҷтимоӣ бо занону ҷавонон мутахассис тайёр мекунад. – Таҳсил, – қайд кард Пайрав Мирзоашрафов, – дар бахши кори иҷтимоӣ аз рӯи зинаи бакалавр ҷараён дошта, зиёда аз 40 нафар мутахассиси соҳа дар ин самт омода шудаанд. Ҳамзамон, дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши магистратура кушода шуд, ки 12 нафар хатмкардаи зинаи бакалавр дар он таҳсил доранд.

 Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш