Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи саломатӣ дар мадди аввал

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус дар ДДБ ба номи Носири Хисрав иқдомҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд.

 Аз чумла, аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар Нусратулло Файзуллоев барои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав ҳафт ҳазор ниқоби муҳофизатӣ ройгон дастрас ва тақсим гардид. Ҳамчунин, дар заминаи маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллии донишгоҳ бо ҷалби устодону донишҷӯён зиёда аз се ҳазор ниқоби муҳофизатӣ омода ва ба кормандону донишҷӯён дастрас шуданд.

Айни замон дар тамоми сохторҳои донишгоҳ ба қадри зарурӣ маводи безараргардонӣ ва дигар маҳлулҳо дастрас шудаанд.

 

Сангинмурод ШАРИФОВ,

сардори маркази таҳлилӣ -иттилоотии ДДБ  ба номи Носири Хисрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш