Нашрияи Омӯзгор

Роҳҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав бо ташаббуси ситоди мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва бо ҷалби устодону донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус” баргузор гардид.

Табиби сироятшинос аз шаҳри Бохтар Анвар Бӯриев дар бораи таърихи пайдоиши бемории СОVID-19, роҳҳои пешгирӣ аз сирояти вирус ва тарзу усули табобат сухан гуфта, қайд намуд, ки барангезандаи бемориро бори аввал соли 1965 олими сироятшинос Д. Тирел аз беморе, ки гирифтори ринити шадид буд, дарёфт намудааст. Баъдтар олимон Э. Каул ва С. Кларк низ соли 1975 ин вирусро дарёфт намуданд.

Корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Абдураҳмон Саидов изҳор дошт, ки барангезандаи беморӣ вируси РНК-дор буда, ба оилаи коронавиредей мансуб мебошад. Ин вирус бо ҷомаи чандқабатаи суперкапсид пӯшонида шудааст. Сохти вирус мураккаб буда, натанҳо ба инсон, балки ба ҳайвонҳо низ сироят мекунад. Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти вирус дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсати тандурустӣ ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ситоди доимамалкунанда ташкил шудааст. Ҳайати ситоди мазкур дар ҳудуди вилоят корҳои пешгирикунанда ва безараргардониро доир намуда истодаанд.

Сардори маркази таълимии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, полковник Ёқубалӣ Сайдализода зикр кард, ки кормандони кумита баҳри пешгирии бемории мазкур фаъолияти назаррас доранд. Яке аз омилҳои асосии пешгирӣ аз сирояти вирус риояи гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҷамъиятӣ мебошад. Ҳангоми таби баланд, сулфа ва душвории нафаскашӣ аз ниқоби яккарата истифода бурда, зуд ба табибон муроҷиат намудан зарур аст.

Сангинмурод ШАРИФОВ,

сардори маркази таҳлилӣ -иттилоотии ДДБ  ба номи Носири Хисрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш