Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар деҳаи Нуристон

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави мактаб дар деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва муовини раиси шаҳр К. Маҷидова мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бояд зикр кард, ки бинои муассисаи таълимии нав барои 160 ҷойи нишаст дар ду баст бо маблағгузории ташкилоти хайриявии «Тавҳид» бо сифати баланди меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳаи Мирнишини Ҷамоати деҳоти Даҳана низ 4 синфхонаи иловагӣ ва як утоқи кории омӯзгорон дар назди муассисаи таълимии №38 ва дар деҳаи Куҳнашаҳри Ҷамоати деҳоти Зарбдор 4 синфхонаи иловагӣ барои 160 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаи таълимии №22 мавриди истифода қарор дода шуд. Қобили қайд аст, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар сохтмони бинои синфхонаҳои иловагӣ калон мебошад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш