Нашрияи Омӯзгор

Ободонӣ аз об аст

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон бо вуҷуди душвориҳо дар Панҷакенти бостонӣ ба кандани канали Марғедар, ки бояд даштҳои Варзи Канда, Шӯрча, Ғӯсарро сероб мекард, сар карданд.

Мардум ин каналро бо метину каланду мисрон сохтанд. Дар ҳамин солҳо некнотиён ба сохтани ҷӯйи Дашти Некнот сар карданду шоири халқӣ Шамсиддини Наҷмиддин ба сурудани шеърҳои «Ғӯрбек нағз аст дар баҳор», «Ин ҷӯй ба номи Рӯдакӣ» таърихи ин ҷӯйро бозгӯйӣ кард. Ҳоло Дашти Шӯрча, Варзи Канда, Ғӯсар гулистон ва бӯстон аст. Солиёни ҷанги шаҳрвандӣ аз бепарвоии сарварони давр ҳазорон бех дарахт дар дашти Сӯҷина хушк шуд. Теша ба решаи дарахтони боровар заданд. Ба бахту иқболи мардуми Панҷакент деҳқонзодаи асил, набераи Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Шафеъ Саркорро раиси шаҳри Панҷакент таъйин карданд. Раиси ҷавон Шафеиён Ислом Зиёзода аввалин коре, ки кард, кӯли ҷӯю ҷӯйбор, каналҳои шаҳрро сероб гардонид ва Даштҳои Чимтеппа, Саразм, Мушхона, Сӯҷина, Мармарро аз нав сабзониду корам кард, обу ободиро дар амал собит намуд. Ростӣ, дар ободонии шаҳр ва ноҳияи Панҷакент беш аз ҳама нақш, мавқеъ ва хидмати аҳли маориф басо бузург аст. Боздиди Сарвари кишвар аз Панҷакенти бостонӣ басо самимона буд. Дар ободонии Панҷакенти бостонӣ дар арафаи иди  Наврӯз  хидмати маорифчиён ва аҳли зиёи Панҷакент басо калон аст. Шояд аҳли маориф аввалин касонеанд, ки Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» – ро дастгирӣ карда истодаанд. Хуррамгардонии атрофи мактабҳо, обчакориҳо, кишти картошка, ташкили боғҳо аз ташаббусҳои маорифчиён дарак медиҳад. Аҳли маориф аз замони қадим бо обу ободонӣ сару кор доранд.

Холмурод САФАРЗОДА,

муовини директори литсейи касбию техникии шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш