Нашрияи Омӯзгор

ММТ: тамдиди муҳлат ва оғози азнавбақайдгирӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда мешавад.

Инчунин, тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16-ум то 30-юми апрел марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон ҷараён мегирад, яъне дар ин давра равандҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввала (аз ҷумла, гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);

2) варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;

3) расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк”.

Таъкид бояд кард, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2020, аз 2-юми март то 11-уми апрел шумораи дов-талабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 137,1 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 136,1 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 113,5 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 60,64 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 79,05 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4-ум ва 3-юм хеле кам аст.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи марказ (http://ntc.tj/tj/imd-1/hisobotho/821-hisobothoi-omori.html) ҷойгир гардидааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан интихобҳои аввалияи худро дар давраи азнавбақайдгирӣ иваз намоянд. Ба шахсони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавискунанда низ тавсия медиҳем, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

ТАВАҶҶУҲ! Агар довталаб дар яке аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузашта бошад, бояд ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор (рӯйхаташон дар сомонаи марказ ҷойгир гардидааст) муроҷиат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола, инчунин, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи мазкур озоданд.

Маркази миллии

тестии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш