Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни таълимгоҳ дар мавзӯи “Табодули таҷрибаи пешқадам миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва амалӣ намудани он дар ҷараёни таълим” мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ҷӯрабой Собиров қайд намуд, ки ин чорабинӣ дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти навбатӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди кишвар (18.03.2020) ба масъулини соҳа дода буданд, гузаронида мешавад. Дар ин замина бо дастгирӣ ва мусоидати роҳбарияти донишгоҳ 11 нафар донишҷӯёни факултаи химия ва биология ба вилояти Суғд барои аз худ намудани методҳои фаъоли таълим, аз ҷумла, “Усули занҷирӣ” ва такмили донишу таҷриба сафарбар шуданд. Ҳамчунин, 5 нафар донишҷӯи коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан барои омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ даъват шуда, дар ин самт фаъолият бурда истодаанд.
Омӯзгори химияи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Бобоҷон ғафуров Ҳ.Иброҳимов қайд кард, ки яке аз василаҳои муҳим дар самти табодули таҷриба дуруст ба роҳ мондани “Усули занҷирӣ” дар ҷараёни таълим ва фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Бо ин усул мо имкон дорем, ки аз таҷрибаи пешқадами ҳамдигар истифода намуда, дастовардҳои меҳнатиро такмил диҳем ва онҳоро ба наврасону ҷавонон омӯзонем. Хушбахтона, бо иқдоми ректори ДДБ ба номи Носири Хисрав донишҷӯёни фаъоли факултаи химия ва биология ба муассисаи мо равон карда шуданд. Чунин робитаҳо имкон медиҳанд, ки аз усулҳои муосири корӣ ва таҷрибаи пешқадами ҳамдигар самаранок истифода барем.
Роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ, С.Холматов гуфт, ки дар асоси нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб мешаванд. Минбаъд устодону донишҷӯёни донишгоҳ имкон доранд, ки ба ин минтақа ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардида, усулҳои муосири таълимро омӯхта, дар фаъолияти худ ҷорӣ намоянд.
Сангинмурод ШАРИФОВ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр