Нашрияи Омӯзгор

Иди лола

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

 

Замин пироҳани рангин ба бар кард,

Ба Иди лолаҳо моро хабар кард.

Ба пеши дидаҳо Халлоқи олам

Ҷаҳони дигареро ҷилвагар кард.

Табиат хайру эҳсони  фузун сохт,

Шаби пурҳасрати моро саҳар кард.

Бурун барҷаст дил аз хонаи худ,

Барои дидани гулҳо сафар кард.

Ҳама болидаву бишкуфтачеҳра,

Ба дафъи  ҳар бало аз гул сипар кард.

Бубин, бо шодӣ ҳар як фарди тоҷик

Зи гулҳо аз барояш тоҷи сар кард.

Дигар Маъруф сайри лола дорад,

Аз ин рӯ, гуфтугӯро мухтасар кард.

 

 

Ба қадри  ишқ мебояд расидан

 

Ало, эй ошиқони рӯи  олам,

Нависам баҳратон мактуби озод.

Ба қадри  ишқ мебояд расидан,

Ба қадри  неъмати поки худодод.

Фиреби  ҳамдигар ҳаргиз раво нест,

Ба дарди  зишткирдорон даво нест.

Чу Маҷнун боядо гуфт: - Дӯст дорам!

Бароям ғайри Лайлӣ  муддао нест.

Ба қадри  ишқ мебояд расидан

Ва лаззат аз вафодорӣ чашидан.

Ниҳолашро ба ҷон бояд бипарвард,

Гуноҳ аст шохае аз он буридан.

Ало, эй ошиқони рӯи олам,

Вафою ишқ бояд пос доред.

Ба қадри  ишқ мебояд расидан,

Ба ин ҳарфи наку ихлос оред!

 

Камоли Хуҷандӣ

 

Тасвири тозаву тар дар шеъри ту зиёд аст,

Таҷниси  бемисолат эъҷози устод аст.

Парвози  вожаҳоро дар ҳар ғазал бидидам,

Ҳар вожа пуртароват, ҳар вожа хушниҳод аст.

Талмеҳи ишқи  Лайлӣ ин қадр пурмаонист,

Ҳар мисра шоҳрудест, чун ҷодаи  кушод аст.

Рафтам ба рӯди ташбеҳ бо киштии  рубоӣ,

Дарёфтам, ки шеърат дастури  иттиҳод аст.

То он даме башар ҳаст, ҳам одаму ғазал ҳаст,

Андар даҳан, Камоло, шеъри ту чун набот аст.

Маъруфи ҲИСОМ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш