Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳаёти бузургон

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Буқрот (Гиппократ),  табиби маъруф ва мутафаккири барҷастаи Юнони Қадим, дар солҳои 460 – 370 қабл аз милод ҳаёт ба сар бурдааст. Ӯ   асосгузори тибби антиқӣ ба шумор меравад. Осори бой ва назарияҳои ба тиб бахшидаи Буқрот дар раванди тибби  ҷаҳонӣ нақши калон бозидааст.

***

Баҳоуддин (с.1547 – 1622) олим ва шоир буд. Вай дар Эрон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Китоби ӯ «Хулосат – ул – ҳисоб» яке  аз асарҳои то замони мо расида мебошад, ки онро дар Туркия, Эрон ва Ҳиндустон бештар аз 200 сол истифода кардаанд. Аксар масъалаҳои ин асар баъдтар ба маҷмӯаи масъалаҳо дохил шудаанд.

***

Байҳақӣ (с. 1106 – 1174) муаррих, мунаҷҷим, риёзидон, табиб ва шоир буда, аз оилаи ҳокимони машҳури Фундуқ мебошад. Ӯ дар Нишопур, Марв, Рай таҳсил кардааст ва ҳамроҳи  падараш бо Умари Хайём вохӯрдааст. Байҳақӣ доир ба тиб, наботот, риёзиёт мувофиқан асарҳои «Китоб дар боби арӯз», «Китоби хӯроки беморон», «Китоби номи давоҳо ва манфиати  онҳо», «Китоб дар боби ҳисоб»-ро таълиф  намудааст. Дар умум, ба забонҳои форсӣ – тоҷикӣ ва арабӣ 74 асар эҷод кардааст.

***

Галилео Галилей, физик, астроном ва механики итолиёвӣ, яке аз бунёдгузорони илми табиатшиносӣ аст. Қонуни инертсия, қонунҳои ҳаракати ҷисмро дар ҳамворӣ ва қонунҳои афтиши озодро кашф, қоидаи ҷамъ кардани ҳаракатҳо, принсипи нисбият ва мафҳуми бақои энергияи механикиро муайян кард.

Механикаи Галилей – Нютон соҳаи муҳими илм гардид. Галилей телескоп сохта, ноҳамвориҳои сатҳи моҳ, тағйироти фазаҳои Зуҳра, доғҳои Офтоб ва радифҳои Муштариро ба мушоҳида гирифт.

 

Фароҳамсоз Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш