Нашрияи Омӯзгор

«Хирмани барчош»-и адиб

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Фирдавс Одинаев ва Зиёвиддин Бӯриев ба  муносибати  камолоти  умри шоир, нависанда ва ходими давлатӣ, Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Султонмуроди Одина гулчини осори насрии ин адиби сермаҳсули водии зархези Ҳисор гирд оварда шуд ва зери унвони “Хирмани барчош”  бо сарпарастии  Тоҷиддин Рустамов  рӯи чоп омад.

Китоб фарогири қиссаву ҳикоя ва меҳрномаҳо мебошад. Адиб  Султонмуроди Одина муаллифи беш аз 60 китоб ва мақолаҳои илмиву бадеии бешумор буда, асарҳояш бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ рӯи чоп омадаанд. 

Дар муддати қариб 70 соли зиндагӣ мавсуф ҳазорҳо  ҷавонро  тарбия  намудаву ба рӯзгори осоишта раҳнамоӣ кардааст. Адиб на танҳо дар миёни аҳли қалами ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ эътибори хосса касб намудааст. 

ФИДОӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш