Чанде пеш дар Академияи ВАО ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили амниятии минтақа» бо иштироки кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро раиси Академияи ВАО Зинатуллоҳ Исмоилзода ифтитоҳ намуд.
Сардори раёсати МТС Ҳаким Абдулло дар бораи муҳтавою мундариҷа ва нуктаҳои асосии Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки баъди аз байн рафтани давлати абарқудрати Шӯравӣ Тоҷикистон ягон намуди робитаи сиёсӣ надошт, Консепсияи нахустини сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ дар марҳалаи аввали замони соҳибистиқлолӣ то ҷое мукаммал набуд. 15 январи соли 2013 суханронии муфассали Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати хориҷии мамлакат ба ҳисоб мерафт. Дар таҳия ва тарҳрезии Консепсияи сиёсати хориҷӣ нахуст манфиати миллӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Мутахассиси пешбари МТС Имомназар Ҳақназаров перомуни ҳамоиши сарони давлатҳои Иттиҳоди муштаракулманофеъ, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, сухан ронда, афзуд, ки дар ин мулоқот раисии ҷаласаҳои давлатҳои номбурдаро ҷониби Тоҷикистон дар шахси Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Баҳри гузаронидани чорабинии сиёсии дарпешистода консепсияи махсус коркард ва таҳия шудааст, ки аз 6 боб ва 42 модда иборат мебошад. Корманди МТС Нарзулло Сангинов дар мавзӯи «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллӣ ва минтақа» маърӯза кард. Мавсуф дар боби ҳамкориҳои ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили САҲА, СММ, СПАД, ЮНИСЕФ, USAID ва монанди инҳо сухан ронда, нақши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, муқовимат алайҳи фурӯши маводи мухаддир ва ҳалли масоили оби ошомиданӣ барҷаста ва мондагор арзёбӣ намуд.
Баъдан, раиси Академияи ВАО З.Исмоилзода хотирнишон кард, ки тайи чанд моҳи охир гурӯҳи рӯзноманигорон аз курсҳои такмили ихтисоси Иттифоқи журналистон гузаштанд.
Ба ин гурӯҳи рӯзноманигорон шаҳодатномаи хатми курсҳои такмили ихтисос дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр