Дар Файзобод шумораи китобхонаҳои шахсӣ аз даҳ адад зиёд нест. Дуруст, ки зиёиёни соҳибфарҳанг, минҷумла омӯзгорон, саду дусад ва аз ин зиёдтар китоб доранд. Аммо онҳое, ки аз ҳазор китоб зиёд дошта бошанд, ангуштшуморанд.
Воқеан, китоб доштан на дар ҳар маврид нишони зиёӣ буданро дорад. Баъзеҳо китобро танҳо барои зебо шудани ҷевони хона «эҳтиром» мекунанд. Дар асл, китоб сарчашмаи дониш, боигарии маънавии инсон маҳсуб мешавад. Кас аз хондан доною тавоно мегардад:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Аббос Зардов, духтури эпидемиологи маркази ВНМО–и ноҳия, аз ҷумлаи китобдоронест, ки адабиёти ҷевонаш, ба қавли худи ӯ, «тоқати қарор истодан» надорад. Зеро соҳибкитоб доиман бо хазинаи ҷевонаш сару кор мегирад, мавҷудоти онро пайваста варақ мезанад, мутолиа мекунад. Хуштарин лаҳзаҳои фориғ аз кор барои ӯ китобхонист.
Аббос Зардов зиёии ҳақиқӣ аст, ки аз мутолиаи ҳамешагӣ ба ин мартаба расидааст. Шахсест, ки ба «майдаю чуйда»-и касбаш сарфаҳм меравад. Аз ҳамин ҷост, ки доир ба мавзӯъҳои тиббӣ, ҳифзи муҳити зист, пешгирии бемориҳои сирояткунанда мақола навишта, ба нашр мерасонад. Вобаста ба вазифаҳои доштааш дар ташкилоту муассисаҳо, мактабҳо суҳбатҳо мегузаронад.
Ӯ, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, синфи даҳро дар мактаб-парваришгоҳи деҳаи Девбаланди ҳамин диёр хатм карда, соли 1970 ба Донишкадаи тиббии шаҳри Днепропетровски Ҷумҳурии Украина дохил шуд. Баъди шаш соли таҳсил корро аз рӯи ихтисос аз стансияи санитарӣ – эпидемиологии шаҳри Кӯлоб оғоз кард. Солҳои 1982-1987 сардухтури стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Панҷ буд. Баъдан дар вазифаҳои инструктори кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, мудири шуъбаи паразитологияи стансияи санитарию эпимедиологии вилояти Хатлон кор карда, соли 1990 сардухтури стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Файзобод таъйин гардид. Ва то синни нафақа ҳамин вазифаро бо масъулияти баланд иҷро кард. Чанде дар мансабҳои директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва директори маркази ВНМО-и ноҳия низ фаъолият дошт.
Аббос Зардов ҳар куҷое кор кард, аз китоб ва мутолиа дур набуд. Ҳар куҷо рафт, китобхонаашро бо худ бурд ва пайваста, сол ба сол хазинаашро ғанӣ гардонд. Ин шахси китобдӯст адабиёти заруриро тавассути ёру дӯстонаш, ҳатто, аз Россияю Украина даст-рас мекунад.
Фарзандони Аббос Зардов мисли падарашон сермутолиаанд. Беҳтарин хислати фарқкунанда аз ҳамсинну ҳамсинфонашон китобдӯстии онҳост. Фарзандҳо аз хазинаи беназири падар фаровон истифода мебаранд. Онҳо дар таълимгоҳҳо хубу аъло мехонанд ва рафтори намунавӣ доранд. Аҳлиддини писараш муҳассили курси охирини Донишкадаи тиббии шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия мебошад. Ҳалима имсол Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм карда, ихтисоси дорусозро гирифт. Баҳору Туҳфа, яке дар синфи 10, дигаре дар синфи 8-и мактаби рақами 1 мехонанд. Туҳфа порсол гирандаи идрорпулии Президенти Тоҷикистон буд. Сурати ҳарду фарзанди хурдӣ дар тахтаи фахрии таълимгоҳ ҷой дода шудаанд.
Китобхонаи Аббос Зардов аз адабиёти гуногунсоҳа иборат аст. Он ҷо китобҳои бадеии ба забони тоҷикӣ ва русӣ кам нестанд. Адабиёти илмии гуногунсоҳа низ фаровонанд.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
адиб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр