Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори ташаббускор

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Устод Шариф  Ҳакимов чанде пеш ба синни нафақа расид.  Аммо ба ҷойи дар сояи давлати фарзандонаш  осуда зиста, давлати пирӣ рондан касби дӯстдоштааш - омӯзгориро тарк накард.

Имрӯз ҳам ҳамчун  омӯзгори  фанҳои дақиқ - физика ба фарзандони мардум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, ки дар деҳаи Хӯҷахалили ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст, дарс мегӯяд.  Пас аз нисфирӯзӣ бошад, ӯ фанни математикаро  ба хонандагони муассисаи таҳсилоти нопурраи умумии рақами 36, воқеъ дар деҳаи Чанори Ҳақдод  меомӯзад. Дар муассисаи мазкур, инчунин, вазифаҳои  раиси иттифоқи касаба  ва роҳбарии иттиҳодияи фанҳои табиатшиносиро бар дӯш дорад.

Ш. Ҳакимов  пас аз хатми бомуваффақияти Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  (соли 1979) беш аз 40 солест, ки ҳамчун омӯзгор фаъолият мекунад. Ҳар як дарсашро бо тайёрии пӯхта, бо истифода аз асбобҳои аёнӣ ва васоити техникӣ мегузаронад. Усули дарсдиҳии ӯ бо хонандагон мояи омӯзиш аст.  Бо шогирдони аълохон ва сустхон  алоҳида дарсҳои илова гузаронда, ба онҳо мувофиқи қобилияташон  вазифа месупорад ва иҷрои ҳатмияшонро талаб мекунад. Ин тарзи корбарӣ аз омӯзгор сабру таҳаммул  ва тайёрии иловагиро тақозо намояд ҳам, натиҷааш самаровар аст. Яъне, сафи хонандагони сустхон торафт кам мешавад. Даҳҳо шогирдаш дар пайравӣ ба устод  барои омӯзгори фанҳои дақиқ шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуда, бомуваффақият таҳсил доранд. Даҳҳо нафари дигар пас аз хатми мактабҳои олӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  кор карда истодаанд.  Ду фарзанди устод панди «Мероси падар  хоҳӣ, касби падар омӯз»-ро сармашқи зиндагии худ қарор дода, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36, яке фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва дигаре аз фанҳои физикаю химияро ба насли наврас меомӯзонанд.

-Мо, омӯзгорон ниҳоят рӯҳбаланд ҳастем, ки масъалаҳои соҳаи маориф мудом мавриди  таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешволи миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд, - мегӯяд Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ҳакимов. -  Охири соли равон Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар  боз ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, пешниҳод карданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Ман бо тамоми ҳастӣ ин иқдоми созандаро ҷонибдорӣ мекунам ва итминон дорам, ки мактабҳои деҳот бо васоити техникиву аёнии фанҳои дақиқ  ва кабинетҳои фаннӣ таъмин карда мешаванд. Омӯзгорон дар навбати худ тамоми донишу малака ва маҳорати касбии худро баҳри рушду инкишофи соҳа дареғ намедоранд.

Дигар сифати устод Ш.  Ҳакимов - ин саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятии мактабу деҳот  ва шахси ободкор  будани ӯ  мебошад.  Чанд сол пеш истгоҳи хурди мавҷпаҳнкунии деҳаи  Чанори Ҳақдодро, ки хонааш аз барфу борон валангор шуда буд, бо маблағи худу  шогирдони соҳибкораш аз таъмир бароварда шуд.  Муаллим дар парвариши дарахтон низ малакаю махорати хуб дошта, дар 1 га замини теппаи назди ҳавлиаш боғи сарсабзу хуррамро бунёд намудааст.

 

Сафар Ҳакимзода,

ноҳияи Ховалинг


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш