Нашрияи Омӯзгор

Булбул зи ӯ омӯхта…

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Айёми донишҷӯӣ Лолахон Сатторӣ таҳти роҳбарии донишманди маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа Нодир Одил рӯи мавзӯи “Муборизаи ба ҳам зидҳо дар фалсафа” рисолаи илмӣ менигошт. Боди зиндагӣ сафинаи умедашро ба соҳили дигар андохт. Муҳассили факултаи табиатшиносӣ ва ҷуғрофиёро ба адабиёт рағбат ҷӯш мезад.

Лолахон Сатторӣ бо кӯлбори пурбори маънавию орзуву ормонҳои нек вориди Хонаи радиои Тоҷикистон шуд. Баъди ҳолпурсӣ директор дастур дод, ки ҷавонро ба студияи сабти овоз бибаранд. Азизгули Юсуф - коргардони овоз ва Лолахон Сатторӣ ошёнаҳоро поин шуда, назди студияи рақами 12 қарор гирифтанд. Масъули бахши барномаи «Гулҳои худрӯй» дар назди баландгӯяк ба ӯ иҷозаи нишастан дод. Дилбастаи сухани воло як ба матн чашм давонда, бо овози марғуладораш диққати  ҳозиронро ба худ кашид:

– Ассалому алейкум, шунавандагони радио!

Танзимгари овоз Гулчеҳраи Латиф садои ҷаззобро шунида, сар ҷунбонду дарзамон онро сабт ва пешкаши таҳиягарони идораи барномаҳои адабӣ намуд. Пас аз хулосаи мутахассисони ҳирфаӣ-Далер Абдухолиқзода, Муқаддас Расулӣ, А. Ваҳҳоб, Маъруф Бобоҷон ҷавонро ба кор даъват карданд. Аммо аз тасодуфе идомаи фаъолияташ ба таъхир афтод.

Воқеа чунин шуд, ки Ҷӯрахони додараш баъди адои хизмати аскарӣ аз шаҳри Улан-удэи Ҷумҳурии Муғулистон ба Ватан баргашт. Лолахон азм дошт, ки ӯро аз Душанбе то манзили падарӣ ҳамроҳӣ намояд, вале тағояш намонд. Гуфт: ду-се рӯз сабр кунад, ҳуҷҷатҳои мошини сабукрави навашро дуруст мекунаду ба Фархор мебарадаш. Ин амалро ба хотире анҷом медод, ки ҳамон солҳо волидон ба хабарёр гӯсфанд ё буз ҳадя медоданд.

Дар ағбаи Чормағзак Пирхон аз ваҷҳи сарфаи сӯзишворӣ мотори мошинро хомӯш кард. Ба ҳамворӣ нарасида, хост нақлиёташро гирён кунад, аммо муҳаррики “Москвич-412” ба ҳаракат наомад. Ронанда дасту по гум карду мошин аз роҳ баромада, ба теппае бархӯрд. Ҳар се захм бардошта, ба шифохонаи шаҳри Норак афтоданд. Тағо бо табъи хира сӯи хонааш рафт. Бародаронро Соҳиби таксирон ба деҳа оварду бузи ваъдагиро соҳиб шуд.

Баъди ин ҳодиса нақшаи дар пойтахт мондани ҷавон тағйир хӯрд. Илтиҷои падар ин буд, ки нури чашмаш ба Фархор биояд. Лолахон ба зодгоҳ баргашту хотири қиблагоҳаш андаке осуда шуд. Се сол дар мактаби миёнаи рақами 38, ба номи А. Дониш омӯзгор буд. Баробари муаллимӣ дар ободонӣ ва пешбурди корҳои маданию маърифатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ саҳми фаъол гирифт.

Соли 1979 дар театри халқии ноҳияи Фархор таҳти сарварии ҳофизи мардумӣ Ҷумъахони Сафар беҳтарин ҳунармандон, аз қабили Сайвалӣ Мӯсоев, Муқаддас Шайдуллоев, Борон Лоиқов, Мирзо Нуров, Абдуманнон Орифов, Таваралӣ Авсақолов, Хосият Раҷабова, Усмоналӣ Раҳматов, Арафамоҳ Давлатова якҷо фаъолият доштанд. Ҳайат ба сабқати ҷумҳуриявии “Бӯстон-2” бо ҳаваскорони ноҳияи Данғара омодагӣ медид. Лолахон Сатториро дар бахши хониши бадеӣ ба озмун  хонданд.

Бори нахуст рӯи саҳнаи бузург пеши мутахассисони ҳирфаӣ неру меозмуд. Шеъри “Савганд”-и шоири шаҳир Мирзо Турсунзодаро ба ҳадде дилкашу самимӣ ва ҷозибанок ироа намуд, ки зери кафкӯбиҳои ихлосмандони сершумор саҳна гулафшон шуд ва ба Лолахон Сатторӣ 9,5 хол баҳо гузоштанд.

Шуҳраи мактаби таҷрибаи пешқадами заркорони бригадаи Идӣ Каримов, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, берун аз вилоят доман зада, корҳои таблиғотии ҳайат бар дӯши Сатторӣ вогузор буд. Ровии радио заҳматкашони хоҷагиро бо навтарин рӯйдодҳо ва хулосаи матбуоти даврӣ ошно мекард. Бо иқдоми ӯ рӯзномаи девории “Барқ” таҳия мегашт. 

Омӯзгор Лолахон Сатторӣ 11-уми сентябри соли 1982 бо эъломи озмун ба рӯйхати наттоқони Телевизиони Тоҷикистон номнавис шуд. Ҳамон шабу рӯз Мунаввара Аминова, ҳунарпешаи театри мусиқию мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ҳамроҳи 70 нафар донишҷӯ ба ёрии деҳқонони хоҷагии Карл Маркси ноҳияи Фархор омада буданд. Бо ҳидояти ҳунарпеша ҷавони хуштолеъ дар бахши хониши бадеӣ бо шеъри “Наҷмҳои мозӣ”-и устод Ғаффор Мирзо дастболо омада, қалби садҳо тамошогарро тасхир кард ва аз миёни 278 нафар ғолиби озмун дониста шуд. 

Роҳбарияти ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Лолахон Сатториро ба сифати наттоқи таҷрибаомӯз ба Телевизиони Тоҷикистон ба кор даъват карданд. 

Ровии гавҳаршинос дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуд ва дертар ӯро ба кори радио гузарониданд. Истеъдоду кордонияш бештар ба зуҳур омад. Хурду калони ин даргоҳ барояш ошно буд.

Садои пурҷозибаи ровии хушлаҳну фарҳехта анқариб ҳар рӯз “меҳмон”-и хонадонҳои сокинони ҷумҳурӣ шуда, ҳамватанонро ба меҳнати аҳлона талқин менамуд. Шунавандагон ӯро бо ҳамин садои шевою марғуладор шинохтанду эътирофаш карданд. Ӯ ба ин ҷода бо муҳаббат, бо асолат, бо ҷасорат, бо садоқат ва ошиқона омада буд.

Бозомӯзӣ дар Донишкадаи умумииттифоқии телевизион ва радиои шаҳри Маскав (соли 1985) гардиши кулле шуд дар фаъолияти минбаъдаи қаҳрамони мо. Давоми се моҳ дар маҷмааҳои “Шаболовка” ва “Останкино” ҳамарӯза шаш соат аз шореҳони сиёсӣ ва ровиёни маъруф С.А. Макарова, И. Прудовский, Е. Суслов, В.В. Панфилов, В.Соловёва назария ва амалияи нутқи риторикиро омӯхт. Дар як вохӯрӣ аз устоди ровиёни даврони Шӯравӣ Юрий Левитани ҷаҳоншумул сухан шуниду дасташро фишурд. Ҳамон ровии беназире, ки садои раъдосояш сарбозони майдони набардро алайҳи фашизми Гитлерӣ  пирӯзӣ мебахшид...

Нақши Лолахон Сатторӣ ба ҳайси раиси иттифоқи касаба дар таҷлили ҷамъомаду чорабиниҳои Кумитаи телевизион ва радио, ташкили фароғати кормандон ба осоишгоҳҳо дар давраи рухсатӣ, маросими азодорӣ, ёрмандӣ ба аҳли байташон, ҳавасманд гардонидани   собиқадорони соҳа, ёдбуд ва сабзу хуррам нигоҳ доштани саҳну атрофи бино назаррас мебошад. 

Барои хидматҳои шоёнаш Лолахон Сатторӣ бо унвонҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, нишонҳои “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радио» сарфароз гардонда шудааст. 

Собиқадори соҳаи телевизион ва радио, ровии хушбаён Лолахон Сатторӣ дар шебу фарози умр бо иродату матонат роҳ паймуда, ба фармудаи ҳаким Камолиддини Биноӣ амал менамояд:  

Суханоро ба зӯри назми баланд,

Гардани чархро кашад ба каманд.

    

Сипеҳри ҲАСАНЗОД,

барандаи Ҷоизаи Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

ба номи Абулқосим Лоҳутӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш