Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи хирад

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 852        Шарҳ: 0

 

Дар бораи симои инсонӣ, маънавӣ ва илмии устод Муҳаммад Лутфуллозода шахсиятҳои соҳибдилу соҳибхирад борҳо гуфтаву навиштаанд ва бовар дорем, ки минбаъд ҳам гӯянду нависанд. Устодро иддае аз ҳамнишину  мунисон бо тахаллуси Лутф  бо эҳтиром ва муҳаббати хосса ном мебаранд. Лутф ном бурдани  мардум устодро, аз  як ҷиҳат, ба лутфи сухани ширин ва самимонаашон мансуб бошад, аз ҷиҳати дигар, бо дурдонаҳои хиради рӯйи авроқ овардаи мавсуф, ба нафосату таровати нигоришоти устод  дахл дорад.

Устод ҳамчун олими шинохта дар коркарди муҳимтарин асноди давлатии соҳаи маорифу мактабдорӣ дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ саҳми арзанда ва таърихӣ  гузошт. Мавсуф  дар таҳияи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии маълумот», «Консепсияи миллии тарбия», «Консепсияи мактаби  миллӣ», «Стандарти  давлатии маълумот» ва монанди инҳо ҳарфи аввалро гуфтааст.

Маълум аст, ки тибқи қоидаи маъмул номи таҳиягарони  ин қабил санадҳо  зикр намешавад, вале услуби нигориши “саҳли мумтанеъ”, мантиқи  хоси  устод ва иқрори холисонаи мавсуф,   “мехоҳам хотиррасон намоям, ки ... варианти мухтасари консепсия («Консепсияи мактаби миллӣ» дар назар аст - Ф.Ш.) маъқул дониста шудааст. Варианти мукаммали он дар дасти ман аст, зеро  ман муаллифи асосии он ҳастам”  гувоҳи он аст, ки таҳияи санадҳои номбурдаи соҳаи маориф, асосан, ба қалами устод Лутфуллозода тааллуқ дорад.

«Консепсияи мактаби миллӣ» -и таҳиякардаи устод Лутфуллозода дар рӯҳияи афзалияти арзишҳои миллӣ тартиб дода шуда, дар он рушди тафаккур, мустақилона омӯхтан, фаъолии маърифатҷӯӣ, дарёфти мавқеи худ дар зиндагӣ барои ҳар узви ҷомеа  мақсади умдатарин буда,  дар мадди аввал гузошта мешуд. Аз ин рӯ,  дар маҷлиси фаъолони маорифи ҷумҳурӣ  (28.08.1995) Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  қабули “Консепсияи мактаби миллӣ”-ро иқдоми умедбахш арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки санади мазкур “низоми таълими моро аз вазъи қолабӣ ва нусхабардорӣ раҳо карда, ба сӯйи арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад”.

Воқеан, дар ин консепсия унсурҳои  таркибии сиёсати давлатии маориф оид ба низоми таҳсилот  бо такя задан ба арзишҳои миллӣ пешниҳод шуда буданд. Ин дастовард имконияте фароҳам овард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ маорифи Тоҷикистон  ба самти соҳибистиқлолии мактабдории миллӣ раҳсипор гардид. Дар ин самти ояндасоз академик М.Лутфуллозода вазифа ва масъулияти давлатро ба таври дақиқ муайян кардааст.

Бояд таъкид кард, ки устод Лутфуллозода ба қуллаи баланди истеъдоди эҷодӣ ва олифитратӣ тавассути заҳматҳои бардавоми шабонарӯзӣ, бо ковишҳои пайгиронаю бонизоми мақсаднок ва мантиқӣ расидааст. Албатта, дар ин талошу ковишҳо ба мавсуф истеъдоди фавқулодаи табиӣ ва қобилияти чашмандоз (интуитсия)-и пешакӣ, фаросати таҳқиқӣ ҳамеша ёр буданд.

Дар ибтидои  фаъолияти  илмию эҷодӣ   устод Лутфуллозода ба назарияи педагогии олимони тавонои рус ва Шӯравӣ, ки низомҳои гуногуни педагогӣ, равоншиносии педагогӣ ва технологияҳои таълиму тарбия, асрори мазмуни таҳсилоту таълим ва инкишофи мактабиёнро  мӯшикофона  таҳқиқ ва кашф кардаанд, такя кардааст. Ин назария  ва низомҳоро устод хеле эҷодкорона ва моҳирона дар назария ва амалияи мактаби  тоҷик ворид карда, дар ин асос асарҳои арзишманди илмию методӣ ва китобҳои дарсии “Баъзе масъалаҳои таълими “Алифбо”, “Субҳи дониш”,  “Методикаи  таълими забон дар синфҳои ибтидоӣ”, “Таълими забон дар синфҳои 1, 2, 3, 4” (ҳар  кадом китоби алоҳида) ва ғайраро  ба табъ расонид. Ин асарҳо аз ҷиҳати  мазмун ва муҳтавои  худ маҷрои  нави таълими ибтидоиро дар Тоҷикистон муайян карда, дар методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ сухани нав  буданд. Маҳз дар заминаи ин таълифоти устод Лутф  дар мактаби тоҷик масъалаи  зудомӯзии “Алифбо”   бо риояи принсипи дастрасии таълими овоз ва ҳарфҳо, тартиби садонокҳо, калимаҳои барои кӯдакон шинос ва сода, хондан ва имлои бошуурона, вобастагии мутақобилаи инкишофи нутқ ва шахсият, таълим ва тарбия ва монанди инҳо шавқовар, босамар ва босифат роҳандозӣ карда шуданд.

Маълум аст, ки дар таҳия ва таълими “Алифбо” ақида ва сухани нав гуфтан хеле мушкил аст. Вале азбаски дастгоҳи эҷодии устод Лутфуллозода озмоиш, шубҳа, ковишҳои тӯлонӣ ва боз озмоишҳои такрорию назоратиро  дар бар мегирад, мавсуф тавонист ба бозёфтҳои ғайричашмдошт  ва  арзишманде  дар таълифи “Алифбо”-и нав муяссар шавад, ки нашри он ба солҳои  навадуми асри XX  ва ибтидои  қарни XXI  рост меояд. Дар ин нусхаи нави  “Алифбо”  ба омӯзиши ҳамгирои он  рӯ оварда шудааст. Тибқи талаботи  муносибати  ҳамгиро  ба таълим устод чаҳорчӯбаи  муқаррарии алифбонигориро шикаста, принсипи омӯзишеро пайгирӣ кардааст, ки  мувофиқи он кӯдакон ҳамзамон бо талаффуз ва шинохти овоз ва ҳарфҳо онҳоро  бо овози баланд мегӯянд: аввал алоҳида-алоҳида, аз пайи он фавран пайваста  менависанд ва мехонанд, яъне, гуфтан (талаффуз), хондан, навиштан  ва гуфтан  (бо риояи принсипи пайдарҳамӣ)   ва шарҳи чиро талаффуз кардан, чиро хондан,  чиро навиштан. Устод дар ин ҷода ба мисраъҳои ҳакимонаи Эраҷ Мирзо - “Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам, Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт” ҷомаи нави педагогӣ  пӯшонидааст. Ин аст, ки  имрӯз кӯдакон дар муддати кӯтоҳ аз тарзи ҳарф  ба ҳарф (ҳиҷҷа) хондан ба хондани ҳиҷоӣ  ва калимахонӣ мегузаранд, ки дар педагогика принсипи  “таълими ба шахс нигарондашуда» ё худ гуманизми таълим   ном  дорад. Табиати ҷӯяндагиву пажӯҳандагӣ, мутолиаи тӯлонии таҳлилию танқидии асарҳои педагогии бунёдӣ ва арзишманди олимони ғарбу  Шарқ, таҷрибаи фаъолияти эҷодии шахсӣ заминаҳои такондиҳанда ва ангезандае  буданд, ки устодро аз чаҳорчӯбаи  муқаррарии эҷодӣ берун оварданд. Ва устод  Лутфуллозода рӯ ба таҳқиқи афкори педагогии ниёгон овард ва хулосаву бозёфтҳои назариявии андухтаашро аз ғалбери таҳқиқ  гузаронида, дар   озмоишҳои васеъ ва тӯлонӣ санҷид ва аз пайи ба низоми педагогии муосир ворид кардани  афкори  педагогии ниёгон шуд. Ин нияти нек ва масъулонаи мавсуф аз тариқи таълиф ва нашри асарҳои арзишманди илмӣ, ба мисли «Педагогикаи шафқат», “Пандномаи Аҷам”, «Дидактикаи муосир», “Шарафномаи миллат”, “Тоҷикистон - Ватанам, ифтихорам”, “Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия”, “Тафсири Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  “Асосҳои таълим”, “Фарзанд - ҳадяи Худованд”, “Дастури фаъолияти омӯзгор”,  “Инсон ва тарбия”, “Аввал андеша в-он гаҳ гуфтор”, “Педагогикаи  миллии халқи тоҷик”  ва даҳҳо  асарҳои дигар амалӣ гаштанд. Ин асарҳо, воқеан, бунёдӣ ва арзишманд буда, масъалаи рӯ овардан ба эъмори сиёсати нави маорифро  имконпазир гардониданд, ки дар он шахс дар интихоби  навъи мактаб, мазмуни таҳсилот  ва тарбия озод аст. Интихоб, омӯзиш ва таҳқиқи мазмун ва муҳтавои таълиму тарбия ба нафъи имрӯза ва ояндаи шахс, ҷомеа ва давлат ҳамрадифанд. Дар раванди он омӯхтани асрори табиат, ҷамъият, рӯйдодҳои маънавию моддӣ ба манфиати некуаҳволии шахсият ва давлат ба роҳ монда  мешавад. Ин сиёсат рушди ҳаматарафаи насли  навро таъмин карда,  ба  нумӯи мустақилият, қобилият ва истеъдодҳои он мусоидат мекунад ва дар ин ҷода ба арзишҳои илмию маънавии оламиён  ва миллии тоҷик такя мезанад.

Маҳз бо шарофати кашфи унсурҳои таркибии сиёсати давлатии маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистони соҳибистиқлол ва устод Лутфуллозода барин шахсиятҳои ҷонфидо нақшаю барномаҳои  нави таълим, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълим барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти  умумӣ, ки акнун нисбатан тарҳи миллӣ доштанд, бе дахолати беруна офарида шуданд. Аз ҷумла, дар нақшаҳои таълим омӯхтани фанҳои  “Алифбои ниёгон” , “Одобнома”,  “Маърифати оиладорӣ”, “Таърихи халқи тоҷик”,  “Иқтисоди бозоргонӣ”,  “Ифтихори ватандорӣ” ва ғайра ворид шуданд. Аз пайи ин навгонӣ мураттаб кардани китобҳои дарсӣ, таълифи дастурҳои методию  таълимии онҳо,  таҳияи маводи  дидактикӣ ба ёрии муаллимон, пешниҳоди  мавзӯъҳои таҳқиқӣ барои муҳаққиқон ва олимони ҷавонро  рӯйи кор  оварда,  баҳри устувортар кардани пояҳои педагогикаи муосири миллӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Чанд соли охир дар бораи сифати таҳсилот, сифати таълим ва дониш ҳамчун вазифаи асосии ислоҳоти маориф роҳбарону масъулини соҳа, мутахассисон ва олимони педагог андешаҳои  худро пешниҳод мекунанд.  Баъзан нозирону мушовирон сифати  таҳсилот, таълим ва донишро ба тадбирҳои ташкилӣ, таъминоти  моддӣ-техникии  мактаб,  ё  баҳои бисёрбалла вобаста медонанд.

Ин дуруст аст, ки роҳи ҳалли ин масъалаи басо муҳимро мо дастаҷамъона меҷӯем. Бояд хотиррасон кард, ки устод  Лутфуллозода дар боби сеюми рисолаи  “Дидактикаи муосир”-и худ  калимаи  “сифат”-ро аз назари педагогӣ ба се навъ маънидод кардааст:

а) сифати таҳсилот ба маънои мазмуни дуруст интихобшудаи асосҳои илмӣ дар мактаб омӯхташаванда;

б) сифати раванди  таълим, ки аз тариқи фаъолияти якҷояи  муаллиму талаба асосҳои  илм омӯхта мешаванд ва ба талаботи барномаи  давлатии таълим ҷавобгӯянд;

в) сифати дониш, ки  аз илмият, бошууронагӣ, устуворӣ, исботшавандагӣ ва ҳаётӣ будани асосҳои илм  далолат мекунад ва шахси азхудкардаи ин асосҳои илм дониши худро дар ҳама маврид истифода бурда метавонад.

Ин се мафҳум ба ҳамдигар робитаи зичи мантиқӣ доранд: сифати таҳсилот (мазмун), ки аз  асосҳои илм  иборат аст;  сифати таълим, яъне, фаъолияти муаллиму талабаро ва сифати фаъолияти муаллиму  талаба дар навбати худ сифати донишро муайян мекунад, ки оё талаба донишҳои азхудкардаашро  дар  ҳама гуна маврид истифода карда метавонад ё не?

Чунин маънидоди мафҳумҳои мазкур,  ба  назари камина,  дар назари аввал сода, вале дар асл ташреҳи арзишманди педагогӣ аст, ки ҳам ба омӯзгор,  ҳам ба масъулини соҳа ва ҳам ба муҳаққиқони ҷавон ва ҳатто таҷрибадор фаҳмост.

Устод Муҳаммад Лутфуллозода солҳои дар Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ба ҳайси директор (1987-2003)  кор кардан, воқеан,  парастори унвонҷӯён, аспирант ва докторантон будани худро баръало собит намуд. Мавсуф дар муайян ва ба таҳқиқи илмҷӯён пешниҳод кардани масъалаҳои мубрами педагогӣ дурандешӣ зоҳир мекард. Аз ҷумла, дар интихоб ва рӯи кор омадани таҳқиқи масъалаҳои муҳими “таълими ҳамгиро”, “таълими тафриқа”,  вуруди афкори арзишманди  педагогии ниёгон ба низоми педагогии муосир ва амалияи мактаби тоҷик  маслиҳату  раҳнамоиҳои устод Муҳаммад Лутфуллозода хеле арзишманд ва ҳалкунанда буданд. Ба давоми мантиқии ин тадбирҳо,  ба хотири ба соҳили умед расонидани муҳаққиқон, ки  барои дифои рисолаҳояшон ба Маскав сафар кардан хеле гарон буд, устод тавонист бо ризоияти КОА-и Русия дар назди пажӯҳишгоҳ Шӯрои дифои рисолаҳо таъсис диҳад. Дар ин Шӯро муҳаққиқон аз рӯйи ихтисоси “педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот”   рисолаҳои номзадӣ  ва докторияшонро дифоъ мекарданд. Ин дастоварди устод  заминаеро барои рушди минбаъдаи назарияи илми педагогика ва ниҳоят, пояи  боэътимоди мактабдории Ҷумҳурии Тоҷикистонро  устувор намуд.

Зери роҳбарии устод Муҳаммад Лутфуллозода зиёда аз 50 нафар муҳаққиқ рисолаи докторӣ ва номзадӣ дифоъ карданд. Аксари онҳо дар паҳлуи устод дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дуру ҳамҷавор ба фаъолият машғуланд ва таҳқиқи минбаъдаи масъалаҳои илми педагогикаро идома медиҳанд. Бидуни шубҳае, устод Муҳаммад Лутфуллозода ба аксари ҳамватанони мо, бахусус, кулли ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳаққи устодӣ дорад, зеро ҳамаи онҳо нахустин ҳарфу ҳиҷоро  маҳз аз «Алифбо»-и таълифнамудаи ӯ омӯхтаанд. Аз ин рӯ, 85-умин солгарди умри ин инсони комилу  соҳибхирад, соҳибмартаба ва соҳибмактаб барҳақ ҷашни ҳамагонӣ, тантанаи хираду маърифати умумимиллӣ мебошад.

Устоди гиромӣ, нотакрор ва заҳматқаринро ба ин рӯзи табаррук ва тантанаи хиради инсонофар  самимона табрик гуфта, барояш саломатии бегазанд, бахти баланд, илҳоми ҳамешагӣ орзу карда, дар ҳамовозӣ бо устод Мирзо Турсунзода мегӯям:  

Рӯдворона зиндагонӣ кун,

Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун!

 

Файзулло ШАРИФЗОДА,

академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш