Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз арши барин омадааст

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Тайи 4-5 моҳи охир аз устодону омӯзгорони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, макотиби олӣ, коллеҷу литсей ва гимназияҳо ба нишонии идораи нашрияи «Омӯзгор» номаҳои зиёде ирсол гардид.

Ҳамкорони нашрия дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла, сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи усулу шеваҳои навини тадрис, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва  навоваронаи омӯзгорон, дарсҳои тарбиявии ҷолибу созгор бо талаби замони муосир ва амсоли ин мақолаю матолиби пурмуҳтаво иншо намудаанд, ки кормандони ҳафтанома беҳтарини онҳоро дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расониданд.

Бояд таъкид кард, ки нашрия баҳри пешниҳод ва чопи навиштаҳои устодону омӯзгорон ба гунаи доимӣ мусоидат мекунад. Воқеан, дар қисмати зиёди мақолаҳо, ки ба дасти мо мерасанд, андешаву сухани то ҷое тозаву ибратомӯз, пешниҳоди методу усули нав ва таҳлилҳои хуб ба мушоҳида мерасанд. Аммо дар баробари ин, матолибе низ ба идора ворид мегардад, ки ҳанӯз таҳрирталаб буда, ба коркарди ҷиддӣ ниёз доранд. Бархе муаллифони мақолаҳо аз суханҳои умумию дилбазан, афкори обшустаю муғлақ ва кашолгапӣ то ҳол раҳо нагардидаанд.

Дар радифи мақолаҳои тарбиявию ахлоқӣ навиштаҳои методӣ камтар ба чашм мерасанд. Хусусан, дар боби тарзу усулҳои фаъоли таълим аз фанҳои дақиқ мавод ангуштшумор мебошад. Бо вуҷуди ин, омӯзгорони  заҳматписанди мо кӯшиш ба харҷ додаанд, ки аз роҳу шеваҳои мақбул, ки дар машғулиятҳояшон ба таври судманду муассир истифода мекунанд, нақл намоянд.

Навиштаҳои омӯзгорон - С.Саидов аз мактаби №35 (шаҳру ноҳияаш номаълум) – «Таърихи пайдоиши алгебра», аз литсейи иқтисодии «Ҳилол»»-и пойтахт Ҳ.Иргашева – «Инкишофи завқи донишандӯзии хонандагон дар дарси математика», муаллимаи химияи ҳамин литсей О.Мирзоева – «Кор бо хонандагони лаёқатманд дар дарсҳои химия», «Муносибати инноватсионӣ дар омӯзиши фанни химия», Х.Умарова – «Мо тарафдори тарзи ҳаёти солим» (ҳамин литсей), омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров Қаноатхон Қӯшназарова – «Тозагӣ гарави саломатист», омӯзгорони ФМД ДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб, Ҷамшед Намозов, Ҷамшед Бобоев ва Лайлӣ Нусратова – «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиатшиносӣ ва воситаҳои иттилоотӣ», мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон Бахтовар Давлатқадамов – «Ҳуҷҷатгузории муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ», мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Норак А.Бӯтаев. - «Аз худ намудани ҳадафи «Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои 10-11», омӯзгори мактаби №42-и ноҳияи Деваштич Хурсандбой Одиназода – «Қобилияти педагогии омӯзгор», мактаби №1-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ Суннатулло Алибаев – «Нақшаи яксоатаи дарсӣ аз фанни забони модарӣ дар синфи 1»,  - «Мавзӯъҳои грамматикаю имло ва ҷобаҷогузории онҳо» (мақолаи хуб, вале муаллифаш сабт нагардидааст), омӯзгори химияи мактаби №13-и шаҳри Истаравшан Баҳодур Зиёев – «Барои ҷолибияти дарс», мактаби №8-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Шариф Абдуллоев –«Риёзидони Юнони қадим-Диофант» (маълумоти таърихӣ) ва чанди дигар ба ҳамин гурӯҳ дохил  мешаванд. Гурӯҳе аз номаҳои муаллифон перомуни татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масоили тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, мубориза бо равандҳои хатарзои террорис-тию экстремистӣ таълиф гардидаанд. Андешаҳои омӯзгорон дар боби дар машғулиятҳои тарбиявӣ бештар таваҷҷуҳ намудан ба проблемаҳои замони муосир, ҳаллу фасли мавзӯъҳое, аз қабили роҳҳои ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас, тақвият бахшидани фарҳанги омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ, дарки мантиқии равандҳои манфии фоҷиабори ҷаҳон ва ғайра қобили қайд мебошанд. Ин масъала дар меҳвари навиштаҳои омӯзгори литсейи №3 (шаҳру ноҳияаш номаълум) Бунафша Муродалиева – «Ба қадри сулҳу осоиштагӣ бояд расид», кормандони факултаи математикаи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров – «Паём - дурнамои илми риёзӣ», омӯзгори мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур Саида Каримова – «Ҷавонон-ояндасозони давлату миллат», муовини директор оид ба корҳои таълимии мактаби №4-и ноҳияи Файзобод Иззатулло Ҳаётов - «Дарси фарҳанги китобдориро ҷорӣ бояд кард», омӯзгори мактаби №62 (шаҳру ноҳияаш маълум нест) Ховарҷон Бобоев - «НБО Роғун равшангари қалбҳои мост», устоди коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Амоншо Палавонов – «Саразм ҳамчун маркази ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ», омӯзгори мактаби №56-и ноҳияи Сино Мавҷуда Маллаева - «Дар қалбҳо, дар ёдҳо…», директори мактаби №13-и ноҳияи Деваштич Таҳмина Абдуллоева ва сокини ноҳияи мазкур Маратҷон Ҷабборов – «Паёми Пешвои миллат-раҳнамои зиндагӣ», омӯзгори мактаби №24-и шаҳри Истаравшан Шерзод Комилов – «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии корҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон дар мактаб», устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав Акбар Ниёзӣ-«Нақши зиёиён дар пешгирии терроризм ва ифротгароӣ», мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Саймурод Одинаев –«Паём ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид», омӯзгори мактаби №9-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Шоира Бобоева – «Паём ва рушди соҳаи маориф», сардори курси воҳиди низомии коллеҷи милитсияи шаҳри Душанбе Фаридуни Тоҳирҷон – «Роғун – кохи нур», ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё АИ ҶТ Мирсаид Раҳмонов – «Зан-модар-сарчашмаи латофату садоқат барои башарият», устодони коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Далер Комилов ва Муҳаббат Салимова - «Саразм-маъхази илму адаб», омӯзгорони Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент Комронҷон Ҳоҷиев ва мактаби №67-и ноҳияи Рӯдакӣ  Аслиддин Қурбонов – «Омӯзгорӣ касби пуршараф аст» қарор гирифтааст. Иддае аз навиштаҳои устодону омӯзгорон ба ҷашну идҳои таърихӣ бахшида шудаанд, ки мақолаҳои корманди ДҶТИБКСМ Изаттулло Раҳимов- «Шаммае аз таърих ва оинҳои Наврӯз»», директори мактаби №35-и ноҳияи Файзобод Бадриддин Холиқов - «Сенарияи гузаронидани «Гулбазм» бахшида ба иди Наврӯз, омӯзгори ДҶТИБКСМ Акобир Риоев – «Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак!»,  дотсенти ДДХ ба номи Б.Ғафуров Сафар Эркаев – «Наврӯз мероси  ниёгони халқи тоҷик аст» аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, дар ин навиштаҳо нигоҳи нав ба мавзӯъ вонамехӯрад. Ба муаллифон зарур аст, ки дар такя бо осори ҷудогонаи намояндагони адабиёти форсу тоҷик, бо усули таҳлилу таҳқиқ як паҳлуи мавзӯъро баррасӣ намоянд. Ҳикоят дар бораи хидматҳои шоистаи омӯзгорони пуртаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ бахши дигари навиштаҳоро дар бар мегирад. Идораи нашрияи «Омӯзгор» то ҷое,  ки имкон ҳаст, ингуна матолибро низ таҳрир, бознигарӣ ва ба табъ мерасонад. Вале ошкоро бояд гуфт, ки қисмати фаровони мақолаҳо дар бораи омӯзгорону  фаъолияти онҳо ба талаби рӯз ҷавобгӯ набуда, аз нақли якранг, хушку холӣ ва маълумоти тарҷумаиҳолӣ ибрат мебошанд. Ҳол он ки, муаллифони ингуна мақолаҳо метавонанд, як лаҳзаи кори ҳамкорони худро воқеъбинона ба риштаи тасвир бикашанд. Мавзӯи зикршударо омӯзгори мактаби №24-и шаҳри Истаравшан Шерзод Комилов, сокини шаҳри Душанбе Нурмаҳмад Назаров, рӯзноманигорон Шараф Боқӣ, Сулҳиддин Талабов ва Амон Раҳимов, мухбири минтақавӣ Ш.Абдулҳамид, омӯзгори мактаби №15-и ноҳияи Деваштич Рухсора Рустамова пайгирӣ намудаанд, ки мо аз онҳо сидқан миннатдор ҳастем. Навиштаҳои корманди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон  Фаридуншоҳ Абдуллоев, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Деваштич Тӯйчӣ Пӯлодов, ҷонишини директор оид ба таълими мактаби №38-и ноҳияи Рӯдакӣ Гулдас-та Бобоҷонова, омӯзгорони мактаби №26 (шаҳру ноҳияаш номаълум) Ҷ.Имомов ва Қ.Маҳмадалибеков фарогири мавзӯъҳои гуногун буда, ба рушду пешрафти таълиму тарбия нигаронида шудаанд. Чун анъана дар саҳифаи «Гулистони сухан»-и нашрия ба таври доимӣ шеъру тарона ва ҳикояҳои омӯзгорон ба табъ мерасанд. На ҳамаи навиштаҳо ба  талаби жанру қоидаҳои вазну қофия ҷавобгӯ мебошанд. Чакидаҳои хомаи Зайниддин Қаландарзода аз ноҳияи Деваштич, Сайёд Файзов аз ноҳияи Восеъ, Ҳусайн Султонов аз шаҳри Душанбе, Адиба Назарова аз шаҳри Душанбе ва чанд нафари дигар ба таҳрири ҷиддӣ ниёз доранд.

Дар охир якчанд нуктаро дар қиболи таълифи матолибу мақолаҳо аз ҷониби устодону омӯзгорон ёдрас ва таъкид кардан мехоҳем. Аз ҳамкорони нашрия самимона хоҳиши онро доштем, ки ному насаб ва суроғаи худро ба таври комил зикр намоянд. Дигар ин ки, ба ҳаҷми навиштаи худ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Баъзе маводи ба нашрия ирсолгардида аз 6 то 10-12 саҳифаи чопи компютериро дарбар мегирад, ки нашрия имкони нашри чунин мақолаҳоро надорад. Матолиби иншошуда набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ зиёд бошад. Аз муаллифон дархост мешавад, ки  дар мавзӯву масоили муҳими соҳаи маориф мақолаю мавод иншо намоянд, аз суханони дурударозу тӯлонӣ, беҳадаф ва дар маҷмӯъ, муғлақбаёнӣ парҳез намоянд.

Боқӣ ба ҳамаи устодону омӯзгорони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки бо мо ҳамкории ҳамешагӣ доранд, барору комёбиҳо таманно намуда, навиштаҳои наву ҷолиб ва хонданбоби онҳоро интизорем.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш