Ҳунар сармояи бебаҳоест,ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардан мумкин нест.
Он неъмати бузургест,ки метавонад ба инсони кордон ва меҳнатдӯст бузургию шаҳомат бахшида, уро болидарӯҳ созад. Ҳунаромӯзӣ аз азал хоси мардуми сарбаланди тоҷик буд.
Аҷдодони мо дар ҳама ҳолат чизе эҷод мекарданд ва бо ҳунари дастони худ зиндагиро пеш мебурданд. Ин аст, ки шумораи ҳунармандон дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд ба чашм мерасад.
Ҳунармандон дар ҳама ҳолат метавонанд, зиндагиашонро бо меҳнати ҳалол пеш баранду пайваста ба мардум хизмат намоянд. Боиси хурсандист, ки имсол занону духтарони хонанишин имконият пайдо карданд, ки ҳунарҳои қадимиро руйи кор оранд ва ба омӯзиши қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, ҷомадӯзӣ, ҷуроббофӣ ва тоқидӯзӣ машғул гардида, бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд, ки ин пеш аз ҳама, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум сабаб мегардад. Ин боиси он мегардад, ки сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш меёбад. Ҳамаи ҳунарҳо вақти омӯзиш душвориҳои худро доранд. Дар урфият гуфтаанд: “Ҳунар доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст”.
Бузургон фармудаанд, ки “Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ”. Оре, ҳақ асту рост. Он молу мулке,ки аз падар ба фарзанд мерос мемонад, рӯзе ба охир мерасад, аммо ҳунар ганҷи нодирест, ки тамомшавӣ надорад. Ҳунарманд ҳар куҷо, ки равад, бо ҳунари хеш мақому мартаба пайдо менамояд. Дуруст гуфтаанд, ки “Ба як мард чил ҳунар кам аст”. Воқеан, ҳаёт имрӯз моро водор месозад, ки ба ғайр аз касби асосӣ ба омӯзиши ҳунарҳои дигар низ пардозем, то тавонем зиндагиамонро пеш барем ва ватанамонро ободу пешрафта гардонем.
Бояд зикр кард, ки бархе аз ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб аз байн рафтаанд. Барои аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимӣ, пеш аз ҳама, бояд дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст мактабҳои ҳунармандон ташкил ё марказҳои ҳунаромӯзӣ карда шавад, то ки ҳунармандон шогирдони болаёқатро ба воя расонанд.
Бибиқанд Неъматова,
омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии МД ДҶТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр