Нашрияи Омӯзгор

Гулбону «Гулистон»-ро азёд медонад!

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Беҳтарин комёбӣ, дастовард ва муҷиби ифтихори ҳар омӯзгор шогирди муваффақу фаъоли ӯст. Барои чунин шогирд устод тамоми хираду маҳораташро харҷ мекунад, ӯро падарвор дӯст медорад, раҳнамоияш менамояд, аз комёбиҳои шогирд мешукуфад, ҳар куҷо дар бораи ӯ бо ифтихор сухан мегӯяд, ояндаи шукуфояшро пешгӯӣ мекунад.

Воқеан, шогирд барои устод ҳукми гули наврустаро дорад; он таваҷҷуҳу парвариш мехоҳад, навозишу ситоиш мехоҳад, эътибори ҳамешагӣ мехоҳад. Ҷояш ояд, устод нисбат ба чунин шогирд низ сахтгирӣ мекунад ва танбеҳ ҳам медиҳад, ки «танбалӣ макун, ки имконоти маънавии ту болотар аз он аст, ки корбаст мекунӣ», бояд «аз хуб ба хубтар шитобӣ» ва ҳаргиз аз хештан, аз дарёфтаҳову донистаҳоят қонеъ набошӣ. Неку гуфтаанд:

Ҳар кӣ аз парваранда ранҷ надид,

Дар ҷаҳон ҷуз ғаму шиканҷ надид.

Ҳама шогирдон барои омӯзгор чун фарзанд азизу маҳбубанд, вале иқрор бояд буд, ки шогирди боадабу кӯшо ва истеъдодманд барои устод маҳбубияти дигаре дорад, чун фарзанди гапгиру хушрафтору накукор аст. Дар кулли мактабҳову синфҳо ин гуна шогирдон ҳастанд, дар таълимгоҳи мо низ. Гулбонуи мо духтараки одиву хоксор, дидадаро ва хеле ғайратманду зирак аст. Таҳсилро дӯст медораду ҳар субҳ бо кӯлбори пурбори маънавӣ, бо омодагии комил ба дабистон  ҳозир мешавад. Дар синфи ҳаштум мехонаду аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло дорад. Бо ин ҳама, таваҷҷуҳаш ба омӯзиши фанҳои забону адабиёт ва таърих бештар аст. Дар тамоми ҳамоишҳои адабии аҳли таълимгоҳ, дар маҳфилҳои идона ва дар конфронсу сабқатҳои  фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзад. Овози гӯшнавоз, маҳорати ровигӣ дорад ва басо самимона шеър мехонад. Чун пораҳои насриро қироат мекунад, шунаванда меангорад, ки назм мешунавад. Гулбонуи Қурбонбой яке аз довталабон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳсуб меёбад ва пайваста китоби бадеӣ мутолиа мекунад. Ҳамеша ва ҳама ҷо бо худ китобе дораду дар ҳар лаҳзаи мувофиқ онро рӯи даст мегирад, варақ мезанад, мехонад, азёд мекунад. Ин духтараки соҳибистеъдод метавонад соатҳо ба ҳамсуҳбаташ аз  муҳтавои китобҳои хондааш ҳарф занаду пора-пора шеъру ҳикоят бигӯяд. Гулбону, ба вижа, эҷодиёти Саъдии Шерозиро меписандаду  батакрор мутолиа мекунад. Намунаҳои зиёдеро аз панду андарзҳо ва шоҳбайтҳои ин шоири барҷаставу маъруфи тоҷик медонад. «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ барои ин гулдухтари адабпарвар маҳбубтарину мақбултарин асар аст. Тамоми ин шоҳасарро азёд кардааст Гулбонуи адабпарвари мо! Ва аз ин ифтихорманд асту мегӯяд, ки акнун навбати «Бӯстон» расида…

Бовар дорем, ки Гулбонуи Қурбонбой минбаъд  дар мактаби олӣ идомаи таҳсил намуда, дар ҷодаи пазируфтааш ба комёбиву тозакориҳо даст хоҳад ёфт. Гуфтаест барҳақ, ки: «Ба шогирдӣ ҳар он, к-ӯ шод гардад, Расад рӯзе, ки худ устод гардад».

 

Ҳакимҷон Қодиров,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №50-и деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш