Нашрияи Омӯзгор

Сарбози далер

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Расул Саримсоқов аз шаҳри Панҷакент ба хизмати фаврӣ даъват шуда, аввал дар ҷанги Финландия иштирок карда буд.

Пас аз ба итмом расидани ҷанг дар ҷабҳаи  Финландия (тобистони соли 1940) Расули ҷавон дар озодкунии шаҳри Бессарабия саҳми худро гузошт. 7 июли соли 1941 Р. Саримсоқов захмдор мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳамчун командири отделенияи 71-и қиркунандаи зиддитанкӣ ӯ задухӯрдро давом медиҳад. Баъди такроран захм бардоштан дар  госпитали шаҳри Кировоград табобат мегирад. Пас аз ташхиси тиббӣ ӯро ба фронти Ғарбӣ мефиристонанд, ки Константин Жуков фармондеҳи ин фронт буд. Ҳамчун командир Расул дар озодкунии деҳаи Горяева - Слобода, ки дар наздикии шаҳри Маскав ҷойгир буд, корнамоиҳо нишон дода, боз ҷароҳат мебардорад. Пас аз табобати дурудароз моҳи марти соли 1942 Расул Саримсоқов бо сарбозонаш ба фронти Волховский, ки фармондеҳаш Меретсков буд, пайваст мешавад. Дар ин давра ӯ дар озодкунии шаҳрҳои Гатчина, Красное село, Череповетс иштирок менамояд. Расули ботаҷриба  ва далерро ба фронти Ленинград мефиристонанд. Пас аз озод  намудани шаҳри Ленинград моҳи июни соли 1944 ин бригадаи артиллериро аз фронти Ленинград ба фронти якуми Украина равон карданд. Бригадаро ба ихтиёри армияи танкии 4-ум, ки генерали армия Павлюшенко роҳбарӣ мекард, супориданд. Дар  рафти задухӯрдҳои пуршиддат ҳазорҳо сарбозу афсар нобуд гаштанд. Ба ин нигоҳ накарда, якчанд шаҳр аз дасти душман озод карда шуд. Дар натиҷаи ҷангҳои шадид афсарону сарбозони  Шӯравӣ Берлинро тасарруф мекунанд. Расул Саримсоқов ҳамчун командир дар ин ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон  медиҳад. Сарбози тоҷик дар қатори дигар сарбозону афсарони Шӯравӣ ному насаб ва суроғаи худро  дар девори Рейхстаг сабт мекунад ва дар зери он чунин менависад: «Командири дивизияи 76-и қиркунандаи танкист». Расули ҷавон дар озодкунии Чехославакия низ саҳми худро гузоштааст. Иди Ғалабаро ӯ дар Прага пешвоз мегирад.Охири моҳи майи соли 1945 ба Венгрия баргашта, дар ҳайати қӯшунҳои Шӯравӣ хидматро давом додааст. Моҳи июни соли 1946 ӯ ба Ватан бармегардад.

Р. Саримсоқовро ба шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент ба кор даъват мекунанд. Дар ин шуъба ӯ 28 сол фаъолият кард. Р. Саримсоқов дорандаи се орден: ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дараҷаҳои 1 ва 2, Ситораи сурх, медали «Барои шуҷоат», «Барои хидматҳои ҳарбӣ», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои озод кардани Прага», «Барои ишғоли Кёнисберг», «Барои ишғоли Берлин», «Барои Ғалаба бар Германия», Жуков буд.

Соли 1985 С. Саримсоқов дар тантанаҳо бахшида 40 - солагии Ғалаба ва 70 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар паради ҳарбӣ бахшида ба 60 - солагии Ғалаба иштирок намудааст. Соли 2006 бо таклифи ҳукумати Федерастияи Россия дар чорабиниҳо бахшида ба 65 - солагии муҳорибаи Москва ширкат дошт.

Расул Саримсоқов 11 феврали  соли 2009 аз олам даргузашт.    Фарзандон дар хонаи падар хона-музей оростанд. Дар ин музей аксҳо, ҳуҷҷатҳо, ёддоштҳо аз  корнамоиҳои ин сарбози далер ба намоиш гузошта шудааст.

Фирӯза Рӯҳулова,

мудири фонди Осорхонаи  ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш