Нашрияи Омӯзгор

Дониш - чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Таҷлил ва бузургдошт аз олимон, орифон, донишмандон ва бузургони ин ё он миллат ва баргузории рӯзҳову санаҳои махсус ифтихорест барои ҳар давлату кишвари ҷаҳон.

Зеро ин донишмандон  бо дарёфти донишу заковат ва илму ҳикмат шамъе равшан кардаанд, ки зулмату торикӣ ва решаҳои нодорию нодонӣ, ситаму ҷабр ва ғазабу ҷаҳлро тавассути ин шамшери бурро решакан карданд. Арҷгузории онҳо фақат  ба хотири донишу заковати азалияшон аст. Ба қавли дигар,  азамату бузургии онҳо  аз донишу маърифати дуруст сарчашма мегирад, ки самараи хуберо то имрӯз барои аҳли башар  фароҳам овардааст ва идома хоҳад ёфт.

Мо бояд донем, ки   доштани дониш ва донишмандӣ аз фазлу караме мебошанд, ки тавассути он қадру манзалати инсон ҳамеша  мавриди ситоиш ва тамҷид қарор мегирад. Агар ба рӯзгори ҳамаи бузургони гузаштаамон таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳамаи онҳо бо доштани ҳамин донишу заковат  соҳиби тоҷу каромат ва фазлу фаросат гардида, имрӯзу фардои ҷомеа номи онҳоро то абад ба некӣ ёд хоҳанд кард. Ин ҳамон донишу заковати онҳо буд, ки то имрӯз мероси адибони зиндаёди мо дар тамоми гӯшаи олам, аз ҷумла, Амирхусрави Деҳлавӣ (1253-1325), Бедил (1642-1720) дар Ҳиндустон ва Масъуди Саъди Салмон (1046-1121), Муҳаммад Акрам Ғанимат дар Лоҳури Покистон  мавриди истифодаи илмӣ ва вирди забони мардум  қарор мегиранд. Инҳо ҳама тавонистанд  бо истифода аз  дониш   ва донишомӯзӣ инсониятро ба сӯи фардои нек ҳидоят ва роҳнамоӣ намоянд. Мақому мартабаи дониш ва донишомӯзӣ ба қадре баланд аст, ки соҳиби онро дар ҳамаи олам новобаста аз ҷою маконаш муҳтарам ва азиз  дониста ва қадрдонӣ мекунанд. Банда қадру манзалат ва мақому мартабаи дониш ва соҳибони онро дар замони сафари таълимӣ ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон мушоҳида кардам. Дар аснои сафар  вориди масҷиди ҷомеи қадимаи Деҳлӣ, ки дар соли 1656 аз ҷониби Шоҳҷаҳон (1628-1658) фарзанди Муҳиддин Муҳаммад ё Аврангзеб-Оламгирӣ (1618-1707) (муаллифи китоби “Фатвои Оламгирӣ”) сохта шудааст, гаштем. Баъди диду боздид бо саримомхатиби он Сайид Аҳмад Бухорӣ мулоқот карда, иттилоъ гирифтем, ки аслан хонаводаи онҳо аз Осиёи Миёна ва ба гуфти худи эшон, аз Тоҷикистон будаанд. Тибқи маълумоти ин марди орифу хирадманд, замоне, ки сулолаи муғулҳо дар ин ҷо салтанат доштанд, бобои онҳоро Сайид Абдулғафуршоҳ Бухорӣ, ки соҳиби донишу заковат буд, барои тарбият ва таълим ба ин ҷо даъват карданд. То ҳол аҳли ин хонавода масъулияти ободии чунин ҷойи муқаддасро ба дӯши худ доранд. Ин ҳама фазлу карам аз доштани донишу заковати ин хонавода будааст, ки то ҳол баъд аз гузашти асрҳо 13-умин насли онҳо қадрдонӣ мешавад.

Беҳуда нест, ки ин бузургон нигоришоти хоси худро перомуни дониш ва донишомӯзӣ барои имрӯзу фардои беҳтару босаодати башарият ихтисос доданд, ки то мо инсонҳо тавонем аз он истифода карда, роҳу равиши ҳаётамонро хубтару беҳтар созем. Ва бояд дониста бошем, ҳар коре, ки бо донишу ҳикмат бунёд меёбад, фардро ба мақсад мерасонад ва натиҷаи самарабахшро барояш фароҳам меоварад.

Бояд фаромӯш накунем, ки донишу ҳикмат малакаи моро  зиёдтар ва судмандтар мегардонанд.

Низомии Ганҷавӣ беҳуда нагуфтааст, ки:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Бузургон ҷойи дигар донишро  чун сипар ва ҷавшан  дониста, таъкид намудаанд, ки истифодаи дурусти он инсонро аз тамоми бадиҳо маҳфуз ва саломат нигоҳ медорад:

Дониш андар дил чароғи

равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту

ҷавшан аст.

Ҳамасола баргузории  «Рӯзи дониш»  дар рӯзи якуми сентябр дар тамоми муассисаҳои кишвар  саҳифаи пурарзиштарин маҳсуб ёфта, заминаи хубест, то насли ҷавони кишвар тавонанд ҳар чи бештар ба донишу ҳикмат сар фуруд оварда, ояндаро рӯшантару хубтар гардонанд ва миллату кишварамонро ба донишомӯзӣ  ва рушду маърифати илмӣ роҳнамоӣ намоянд.

Таҷлил аз ин рӯз фурсати муносибест барои тарбияи ҷавонон, хусусан, кӯдакони навраси мо, ки қадами нахустини худро ба боргоҳи донишу ҳикмат мегузоранд, то ояндаи худро  бо заковату маърифат ва ҳушмандии том бишносанду бисозанд ва  бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз ҳар навъ хатар ва ҷаҳолат эмин доранд. Дар партави ҳамин сухан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии худашон ба муносибати «Рӯзи дониш» таъкид карданд, ки «бузургони гузаштаи мо донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм медонистанд.»

Мирсаид Раҳмонов,

корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш