Нашрияи Омӯзгор

Ояд аз шеърам садои модарам

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Қонуни зиндагӣ ҳамин аст; рӯзҳову моҳҳову солҳо пайи ҳам мегузаранд, замонаҳо, фаҳмишҳо, нигоҳҳо, мафкураҳо дигар мешаванд ва дар ин замина одамон, афкору пиндори онҳо тағйир меёбад. Вале дар ҳама ҳолат, дар ҳама давру замонҳо ҳақиқат бебадал аст, ҷовидонист.

Ба қавли маъруф, ҳақиқат заволнопазир аст, он ҳаргиз маҳкум нахоҳад шуд. Ба ҳақиқат ҳодисаву амалҳо, гуфтору таълимот мутааллиқанд, одамон низ. Дар арсаи таърих инсонҳое зиёд будаанд, ки бо вуҷуди ба туҳмату иғво печиданашон ва нотавонбинони зиёд доштанашон, бо вуҷуди бархӯрд ба шебу фарози зиндагӣ ба ҷодаи пазируфтаи худ, ба мароми зиндагиашон содиқу устувор мондаанд. Устод Мирзо Турсунзода аз ҳамин гуна ашхос буд ва тамоми зиндагияшро барои хизмат ба халқу Ватани азизи худ, ба миллати арҷмандаш бахшид. Ин шоири тавоно ҳам бо истеъдоди баланди эҷодияш, ҳам бо вазифааш ва ҳам бо шахсияти беназираш хидмати  хамдиёрон кард, ҳамнафасу ҳампаҳлуву ҳамдарди аҳли диёри маҳбуб буд. Устод Турсунзода чун устод Айнӣ шиносномаи миллат гашт, тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аҳли олам шоири барҷастаи тоҷикро чун мунодии сулҳ, тараннумгари дӯстии халқҳо, парчамдори ваҳдату якдилӣ шинохтанду эътироф карданд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ

буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода

буд!

Устод Турсунзода дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифта буду ҳамагон чун шахси наздики  хеш дӯсташ медоштанд. Ӯ, барҳақ, барои хизматҳои барҷаставу мондагораш, барои ҷоннисориҳояш ба халқу миллат, барои пайваста тарғиби ғояҳои башардӯстӣ карданаш сазовори унвони  олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Қаҳрамони дигари Тоҷикистон, инсони шарафманду ватанпарвари асил Бобоҷон Ғафуров ба устод Турсунзода чунин самимию пурмеҳр ва воқеъбинона муроҷиат кардааст: «Шумо, дар ҳақиқат ҳам, вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори халқи тоҷик мебошед, ки садои шумо орзую умедҳои тамоми одамони Шарқи бедоршударо ифода мекунад. Бигзор, истеъдоди дурахшон ва бузурги Шумо ҳамеша дили миллионҳо хонандаро дар соҳилҳои Вахш ва Ганг, Янсзи ва Нил, Волга ва Конго шод гардонад».

Эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода паҳнои бузургеро мемонад, ки дар он метавон озодонаву бардавом сайругашт кард. Мероси адабии шоир аз ҳар нигоҳ ғанию пуробурангу фарогир аст. Мавзӯъҳои осораш басо доманадоранд. Чун номи ӯро ҳамчун шоири тавоно ба забон меорем, пеш аз ҳама, мавзӯъҳои ишқу садоқат, ватандӯстию башардӯстӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ба ёд меоянд. Устод мавзӯи дӯстии халқҳо, ҳамзистии осоиштаи давлату миллатҳоро дар адабиёти тоҷик ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Байти зерини машҳураш ба як навъ маромномаи  ҳаёту ғояи меҳварии зиндагиаш табдил ёфт ва ӯро ҳамчун фарзанди аҳли башар муаррифӣ кард:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи

дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Яке аз мавзӯъҳое, ки маҳбубияти  шеъри устод Турсунзода ва худи ӯро байни мардум дучанд кард, ситоишу тараннуми зан – модар мебошад. Достони «Ҷони ширин»-и ӯ, ки ба завҷаи маҳбубаш бахшида шудаасту моҳиятан муҳаббатномаест ба кулли бонувони тоҷик, ба назари мо, дар адабиёти ҷаҳон ҳамто надорад, достонест саршор аз садоқату самимияту муҳаббат ба зан, ба «чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар». Дар ҳамин достон аст, ки шоири бузург бо ифтихор ва бо қаноатмандӣ хитоб мекунад:

Дар диёри мо шуд одам арҷманд,

Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд!

Шеъри «Модарам»-и устод Турсунзода хеле муассир ва ҳасратбор аст, дилҳоро ба таҳрик меоварад, бо санъати баланду лаҳни дилписанд гуфта шудааст. Ин шеър, бешубҳа, яке аз беҳтарин шеърҳо дар «Модарнома»-и адабиёти форсизабонон мебошад. Руҷӯи лирикии шоир фарогиру таъсиргузор аст, хонандаро ҷиддан ба худ мекашад, ҳамрозу ҳамдарди муаллиф мекунад ва эҳтиромашро нисбат ба модар дучанд менамояд. Сабку услуби шеъри «Модарам» тоза буда, он мавзӯи модарро амиқтару вусъатмандтар месозад. Хотимаи шеър низ ҷозибадору хотирмон ва башардӯстона аст:

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,

Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.

Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,

Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои

модарам.

«Модарнома»-и устод Мирзо Турсунзодаро шеърҳои бисёр хубу ҳадафрас ва самимии «Дили модар», «Бигзор, зан бошад мудом!», «Дасти модар», «Хайр, модари азиз!» бештар мазмуну муҳтаво бахшидаанд. Модар дар ашъори устод меҳрубону ғамхор, самимию фаъол, раҳнамои зиндагӣ, дастгири фарзандон, садоқатпешаю хушгуфтор, меҳнатқарину саодатманд аст, идомабахши зиндагӣ ва бунёдкору созанда мебошад, тамоми ҳастияшро барои шукуфоии зиндагӣ ва фараҳмандию рӯзгори осоиштаи фарзандон бахшидааст. Дунёи дили модар дар қитъаи зерин ҳамбаста бо армонҳои волояш барҷаста ифода ёфтааст:

Надорам тоқати доғи писар дидан дигар

ҳаргиз,

Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар

ҳаргиз.

Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан

дигар ҳаргиз,

Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар

ҳаргиз.

Устод Мирзо Турсунзода бо номи «Дас-товез» силсилаи шеърҳое дорад, ки ҳама ба зан – модар бахшида шудаанд ва образи модарро дар эҷодиёти шоир боз ҳам такмил мебахшанд…

Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода имрӯз ҳам маҳбуби ҳар як хонандаи тоҷик аст ва фардову минбаъд низ чунин хоҳад буд.

Устод Лоиқ, ки аз шогирдони содиқу тавонои устод Мирзо Турсунзода буд, дар ситоиши ин шоири маъруф навиштааст:

Хуни гармаш дар раги ҳар байт туғён

мекунад,

Дар дили хок аст, аммо дил ба дарё

мезанад.

Зиндаи ӯ баҳри имрӯзи ҷаҳон ҷон

кандааст,

Баҳри фардои ҷаҳон осори ӯ

ҷон меканад.

 

Санавбар РАҶАБОВА,

адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш