Ман ҳамчун собиқадори маориф ҳар замон ба гимназия, литсей муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаби хонандагони болаёқат меравам.
Дар литсейи назди ДДҲБСТ-и шаҳри Хуҷанд тавсия карданд, ки ба ҳайси падари хонанда ба дарсҳои мусиқии синфи якум ва чорум иштирок бикунам. Муаллими мусиқӣ ва суруд, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Олтмишев будааст.
Гумон доштам, ки дар синфи якум бачагон ҳанӯз ба маънои аз ёд кардан ва дарки ҳақиқии оҳанги сухан дар мусиқӣ сарфаҳм намераванд. Аммо гумонам чандон саҳеҳ набудааст. Аз дақиқаҳои аввали дарс фаҳмидам, ки омӯзгор ба рафти дарс ва эҳсоси шогирдонаш бо назари нав менигарад, ҳамоно ба фаҳми кас мерасад, ки ӯ қобилияти баланди дарсгӯӣ ва маҳорати назаррабоӣ ва ҷалби диққати хонандаро дорад.
Лаҳзае пас дидам, ки омӯзгор рубоб ба даст гирифт ва ба навохтани оҳанг шурӯъ намуд. Бачаҳо бе ягон имову ишораи омӯзгор сурудро бо шавқи баланд хонданд:
Ил-18 омад,
Поён фаромад.
Аз дараш аввал
Аком баромад.
Бовар дорам, омӯзгор дар вақти дарс ба шогирдон иҷрои аниқи ҳаракатҳоро дуруст ва ба таври лозима омӯзонидааст.
Чунин иҷрои суруд ифодагари фанҳои суруд ва мусиқӣ бо “Алифбо”, риёзӣ ва варзиш шуда метавонад.
Дидам, ки бачаҳо сурудро бо шавқи баланд мехонанд. Онҳо, шеърро дар ёд медоранд, мазмуни онро дарк мекунанд ва ба дили кучаки худ ҷой медиҳанд.
Албатта, ба кӯдакон омӯзонидани чунин сурудҳо ба маҳорати касбии омӯзгор ва санъати иҷроиш вобаста аст.
Маводи дарси нав ҳам ба қалами А.Шукӯҳӣ “Дар вақти таҳсил” вобста аст. Ин шеърро ҳам омӯзгор бо нигаҳдошти вазну қофия қироат намуд.
Вай маънои шеърро бо истифодаи задаҳои мантиқӣ ба таври содаю фаҳмо ба майнаи бачаҳо ҷой мекунонад..
Дар вақти таҳсил
Ту аз таҳти дил
Хону хону хон,
Дону дону дон.
Дар охири матни суруд, ки мисраи “Панҷу панҷу панҷ”- буд, хонандагон дасти ростро боло бардошта, бо панҷаҳо рақами панҷро нишон доданд ва бо ҳамин суруд ба поён расид.
Ҳамон рӯз қимати вақтро ба хотир дошта, ба дарси синфи чорум ҳам иштирок кардам. Мавзӯи гузашта иҷрои дурусту бомантиқи суруди русии “Два весёлых гуся“ буд.
Ин суруд низ аз ҷониби хонандагон таҳти мусиқӣ бо ҳаракати дастон иҷро гардид.
Абдуғаффор Олтмишев дар омӯзонидани ин суруд ҳам ба оҳанг диққати махсус дода, нозукиҳои шеър ва тарзи талаффузро пурра ба кор бурдааст.Толибилмон ҳар як банди сурудро бо машқҳои варзишӣ иҷро мекарданд.
Ба фикри ман, ин сурудҳоро дар лаҳзаҳои дамгирӣ ва истироҳат низ истифода бурдан мумкин аст.
Мавзӯи нав дар синфи чорум “Китоб”- и Нуъмон Розиқ буд. Тарзи омӯзиши ин суруд ба куллӣ фарқ дошт. Вақти қироати шеър муаллим ба дуруст гузоштани задаи мантиқӣ, тақсиму талаффузи калима зери оҳанг диққати махсус медод. Аз рафтор ва тарзи баёни дарс ба чунин хулоса омадам, ки ӯ мехоҳад хонандагон аз ҳозир дарки маънии калима, сатр ва фикрронии дурустро омӯзанд:
Бар ман сабақ додӣ, китоб,
Гул дар табақ додӣ, китоб.
Ту орзуҳои маро
Аз ҳар варақ додӣ, китоб.
Ҳангоми иштирок ба дарс бо фаҳм дарёфтам, ки А. Олтмишев диққати хонандагонро ба мавзӯъ ҷалб менамояд, ки гӯянда чӣ мегӯяд, балки чӣ тарз мегӯяд ва бояд гӯяд.
Абдуғаффор Олтмишев ба интихоби матн нозукбинона эътибор медиҳад, Ҳангоми корбасти шеър бо оҳанг ҳамаи сурудҳои бачагона, ки баъди интихоби дуруст ба барномаи дарс дохил кардааст, оҳанги гӯшнавоз доранд,
Ба шарофати кори бардавом бо хонандагон ба онҳо тарзи дурусти қироати шеър, истифодаи беғалати задаи мантиқӣ мушарраф шудааст.
Ман шодам, ки ду соат вақти қимматам беҳуда нарафт, балки замони шогирдӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ дар лавҳи хотирам бедор гашт ва симои муаллимам Аскарҷони Аҳмадҷон пеши назарам ҳувайдо шуд. Ӯ мегуфт, ки забонро эҳтиром бояд кард. Ҳурмати забон - ҳурмати модар, касе, ки модарро ҳурмат мекунад, Ватанашро низ азиз медорад.
Мирзоғанӣ Валиев,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр