Нашрияи Омӯзгор

«Ҷаҳони орзу» ба истифода дода шуд

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фарангис Исмоилова як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо номи «Ҷаҳони орзу» ба истифода дода шуд.

Дар муассисаи навбунёд тамоми имконият ва шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон пешбинӣ гардида, дар навбати аввал 80 кӯдак ба он фаро гирифта шуда, 20 мураббию корманд ба кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода зимни шиносоӣ аз фаъолияти кӯдакистон ба масоили вобаста ба сифати ғизонокии кӯдакон, беҳдошти вазъи гигиенӣ, тарбияи дурусти кӯдакон дастуру супоришҳо дод.

Бо истифода дода шудани кӯдакистони «Ҷаҳони орзу» миқдори муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд ба 42 адад расид, ки аз ин теъдод 10 ададашро кӯдакистонҳои хусусӣ ташкил медиҳанд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш