Нашрияи Омӯзгор

Синонимҳо ва истифодаи онҳо

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Баҳри равшан ва гӯшнавоз гаштани сухан  дар гуфтугӯ бо ҳамдигар моро зарур меояд аз калимаҳои нав ба нав истифода барем. Дар забони адабии тоҷикӣ калимаҳо бешуморанд, ҳар яки онҳо ба ғайр аз маънии асосӣ боз маъноҳои дигар низ доранд, ки метавонем онҳоро дар гуфтугӯ, дар навишт истифода барем.

Омӯзгор ба хонандагон бояд шарҳ диҳад, ки агар мо синонимҳоро бамаврид истифода барем, суханамон ба гӯши сомеъон бисёр форам мерасад. Масалан, як калимаи серистеъмол «асал» мебошад. Ин калима арабӣ буда, ба забони тоҷикӣ «ангубин» мешавад. Боз метавонем дар мавриди мувофиқ аз калимаҳои шаҳд, ширинӣ истифода барем.

Инчунин, калимаи «қофила»-ро мисол меорем. Ин калима низ арабӣ буда, бо забони адабии тоҷикӣ «корвон» мешавад. Лекин баъзан ин калимаро ба маънои фосила иштибоҳан истифода мекунанд. Калимаҳои қофила, маҳмил, корвон ба маънои қатори уштуронест, ки пайи ҳам бастанду дар роҳҳо ҳаракат мекунанд. Калимаи «корвонсарой» ифодагари ҷойи таваққуфи корвон, маҳмил бошад, ба маънои уштурбон ва роҳбалади корвон мебошад. Ин калимаҳоро дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ бештар дучор меоем. Баҳри эҳтироми шахсони донишманд мо дар вақти навиштану гуфтан метавонем аз калимаҳои обид, порсо, ҳақҷӯ, донишманд, муаззам, бузург, олим, инсондӯст, поксиришт васеъ истифода барем.

Вақте ки ба нақлиёт савор мешавем, як сухани мо метавонад табъи ҳамаи нишастагонро ё болида ё хира созад. Мисол, дар вақти дохил шудан мо ифодаҳои «ассалом, рӯз ба хайр, саломат бошед, ташаккур,  марҳамат, дар истгоҳ нигоҳ доред»-ро истифода барем, ҳам худ болидарӯҳ мегардем ва ҳам мусофирони дигар. 

Ҳамагон хуб медонанд, ки калимаҳои рӯй, чеҳра, афт, андом, башара, симо, ораз, лиқо, сурат, рухсор як маъно доранд, аммо аз чӣ бошад аз гуногунрангии ин вожаҳо кам истифода мекунанд. Шоирону нависандагони мо дар асарҳояшон аз ин гуна калимаҳо пурсамар истифода кардаанд. Яке симои модари худро таърифу тавсиф, дигаре моҳлиқо будани дилбари худро таҷассум кардааст. Моро зарур аст аз ингуна гуногунрангӣ ва пурбаракатии забони аҳли шеър дар ҳама соҳаҳо зиёд истифода кунем.

Якчанд калимаи серистеъмоли дигарро бо силсилаи синонимҳояшон  меоварем:

Офтоб – хуршед, меҳр, ховар, шед, шамс;

Зебо - хушрӯй, нозанин, соҳибҷамол;

Соф - шаффоф, беғубор, мусаффо, тоза;

Омӯзгор - устод, тарбиятгар, мураббӣ;

Мактаб – дабистон, таълимгоҳ;

Қишлоқ – деҳа, қария, русто…

Хулоса, дар забони тоҷикӣ шумораи калимаҳои синонимӣ, ки ҳамарӯза дар зиндагӣ ва кору фаъолият истифода мекунем, бешуморанд.

 

Қурбонгул ҲАЙДАРОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш