Нашрияи Омӯзгор

Сухандонӣ омӯзиши пайваста мехоҳад

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Муҳимтарин қобилияти инсон сухан гуфтан мебошад. Вақте ки кӯдак аввалин калимаҳоро ба забон меорад, ду-се вожаро ба ҳам мепайвандад, волидонро хурсандию шодмонии беинтиҳо фаро мегирад. 

Омил шудан ба сухангӯӣ дар ҳаёти ҳар кӯдак марҳилаи наверо оғоз мебахшад. Минбаъд падару модар кӯшиш менамоянд, ки кӯдакашон бештар калима омӯзад, равонтар, шевотар сухан гӯяд. Ин аз вазифаҳои муҳимтарини волидон, бахусус, модар аст. Аз ин ҷост, ки шоири шаҳир Эраҷ Мирзо гуфтааст:

Гӯянд, маро чу зод модар,

Пистон ба даҳан гирифтан

омӯхт.

Як ҳарфу ду ҳарф дар забонам

Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт…

Омӯзиши кӯдак дар ин самт дар муассисаҳои  томактабӣ идома ёфта, дар зинаи аввали таҳсилот ҷиддият мепазирад. Дар ин зинаи таҳсилот кӯдакон фанҳои гуногун (забон, хондан, ҳисоб, тарбияи ҷисмонӣ…)-ро меомӯзанд. Зимни омӯзиши ҳамаи фанҳо яке аз ҳадафҳои асосӣ такмили нутқи хонандагон мебошад. Омӯзгор бояд ҳамеша сухангӯии шогирдонро зери назорат дошта бошад, онҳоро саривақт ислоҳ намояд. Маъмулан, хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар фаҳми мазмуни калимаҳо, дуруст талаффуз кардан, риояи мавқеи зада ва монанди инҳо ба ғалатҳо роҳ медиҳанд. Онҳо аксаран бо ёрии омӯзгор ғалати худро зуд ва як дараҷа осон бартараф месозанд. Таҷриба собит месозад, ки омилҳои зерин ба такомули нутқ ва сухандонию суханварии шогирдон таъсири бафайз мерасонанд: тарғиби эҳтиром нисбат ба забони модарӣ, донистани моҳияти сухан ва донистани забон, луғатомӯзӣ, азёд кардани порчаҳои шеърӣ, пайваста мутолиа кардани асарҳои бадеӣ, шунидани барномаҳои адабию маърифатии радио, тамошои чунин барномаҳои телевизион, ташкили вохӯрӣ бо адибон ва ҳунарварони соҳаҳои санъати бадеӣ, нутқ ва суханварии омӯзгор…

Дар ҳамаи дарсҳо ташкил кардани лаҳзаҳои луғатомӯзӣ айни муддаост. Масалан, дар дарси тарбияи ҷисмонӣ хонандагон бо вожаҳои соҳаи варзиш ошно мешаванд, таркиби онҳоро фаҳм мекунанд ва аз таърихи баромадашон то ҷое огаҳӣ дармеёбанд.

Ҳар фан истилоҳоти хоси худро дорад ва зимни таълими онҳо омӯзгор бояд бикӯшад, ки шогирдон истилоҳоти дахлдорро дуруст омӯзанду саҳеҳу бамаврид истифода бурда тавонанд. Ҳангоми супоридани вазифаи хонагӣ низ бояд омӯзгор ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намояд, яъне вазифа диҳад, ки талаффузи дурусту мавриди истифодаи онҳоро машқ намоянд. Дафтари луғати хонандагон танҳо хоси дарсҳои забон ва хониш нест, онро вобаста ба фанҳои дигар низ бояд такмил бахшид. Ин маънои онро дорад, ки дафтари луғат бояд дар ҳамаи дарсҳо бо хонандагон бошад.

Дар масъалаи забономӯзию забондонии шогирдон ҳамкории мактабу оила нақши муҳим мебозад. Ин нуктаро омӯзгор бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.

Эркамо Салимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №91-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш