Занеро мешинохтам, ки як духтару як писар дошт. Пас аз вафоти шавҳараш тарбияи ин ду тифл бар дӯши модарашон афтод.
Духтар, ки дониши хуб гирифта буд, ба донишгоҳ дохил гардид ва онро хатм карда, дар корхонаи истеҳсолӣ ба кор даромад. Вале бародараш бо ҷӯраҳои бад ҳамроҳ гардида, ба нашъамандӣ дода шуда, барои пайдо кардани ин моддаи марговар тамоми асбобу анҷоми хонаро фурӯхта, модарашро қарздор намуд. Дахолати модару хоҳар, тағою амакҳо ба ӯ таъсир накард.
Ҳар гоҳ, ки модар хастаҳолона аз кор ба хона бармегашт, «ҷӯра» - ҳои писараш сари роҳашро мегирифтанд: - «Хола, писарат аз мо қарздор аст, пулашро кай медиҳад, агар то фалон рӯз оварда насупорад, аз байн мебаремаш». Модари бечора пули ҳармоҳаашро ба онҳо медоду худаш аз мағозаи назди хона нону шакар ва чойи хушк қарз мегирифт. Модар аз чунин ҳоли рӯзгор безор шудаву писар ва «ҷӯра» - ҳои ӯро дуои бад мекард. Ниҳоят писарашро мақомоти дахлдор дастгир намуда, баъди мӯйро аз хамир ҷудо кардан паси панҷара бурданд ва баъди чанде он ҷо ҷон дод.
Бале, ҳамин гуна аст оқибати кирдори бад. Аз нашъа шояд бисёриҳо даромади муфт ба даст овардаву қасрҳои пурҳашамат доранду мошинҳои қимат саворӣ мекунанд, вале қисми бештари ҷавонони ноогоҳро низ ба ин кор олуда месозанд. Дар натиҷа аз нодонӣ ва пушаймонӣ онҳо паси панҷара мераванд ё дунёро падруд мегӯянд.
Оқибати истеъмоли нашъа танҳо марг аст. Онҳое, ки инро медонанд, боз ҳам бо хариду фурӯш ва истеъмолаш сарукор мегиранд, намеандешанд, ки «нимта нон – роҳати ҷон» гуфтаанд.
Ранги нашъа сафед бошад ҳам, аммо оқибаташ сиёҳист, азбаски рангаш сафед аст, онро «марги сафед» ҳам мегӯянд. Одами нашъаманд доим парешону хаёлпараст, аз чашмонаш об шорида меистад. Ба тамоми бадани ӯ мурғак дамида, аз мардум дурӣ меҷӯяд. Дар ӯ дарди шикам ва миён афзун гардида, дилбеҳузуршавӣ хурӯҷ мекунад. Мушакҳояш ба ларза даромада, раги хунгард ва роҳҳои нафасро мебандад.
Мутаассифона, ба ин амали номатлуб наврасону ҷавонон ҳам даст мезананд, ки дар ин масъала, мо, калонсолон низ айбдорем. Сари вақт ба онҳо намефаҳмонем, ки оқибати чунин кор танҳо марг аст ва аз ин амал касе обрӯ нагирифтааст.Мувофиқи маълумоти оморӣ аз касофатии он садҳо оилаҳо вайрон, кӯдакону навҷавонон дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрону сарсон мондаанд. Дар оилаҳое, ки яке аз аъзоёни онҳо нашъа истеъмол мекунанд, фарзандон дар назди ҳамсолонашон аз аъмоли бади узви хонаводаашон азоби рӯҳӣ мекашанд. Дар баробари ин, нашъамандӣ сабаби ба дигар бемориҳо, аз ҷумла, ба СПИД гирифтор шудани шахси нашъаманд мегардад.
Фикр мекунам, масъалаи пешгирӣ кардани чунин бемориҳо ва даст назадани аҳли оилаҳо ба чунин кирдори номатлуб ба зиммаи мо, омӯзгорон ҳам ҳаст. Ҳангоми таҳияи нақшаҳои соатҳои тарбиявӣ мо бояд ба ин мавзӯъ аҳамият дода, ҳамкориро бо волидайн пурзӯр намоем. Нисбат ба шогирдон беаҳамиятӣ зоҳир накарда, дар тарбияи ҳаёти солими онҳо нақши муҳим гузорем.
Саида ВАЛИЕВА,
омӯзгори мактаби №33, шаҳри Душанбе,
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр