Хонандагони синфҳои 9-11 и муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз фанҳои мухталиф иштирок намуда, 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар робита ба ин, Нурилло Мураталиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи номбурда, изҳор дошт, ки барои дар олимпиада иштирок намудан ба хонандагон шароити хуб муҳайё гардид. Ин ҷо метавон ёдовар гардид, ки 4 нафар хонандаи муассисаи таълимии №2 гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд.
Зафар Пирназаров, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус иброз дошт, ки дар ноҳия омӯзгорони пешқадам зиёданд. Умӯзгор Эркин Абдуламитов дар озмуни “Муаллими сол” миёни омӯзгорони 25 шаҳру навоҳӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд.
С.АЗИЗӢ,
вилояти Хатлон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр