Нашрияи Омӯзгор

Як омили пешгирии ифротгароӣ

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва иҷтимоӣ эълон гардида, уҳдадор шудааст, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю шоиста фароҳам оварад.

Аз ҳамин сабаб, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии мамлакат мебошад. Дар сиёсати иҷтимоии ҳукумат ва давлат масъалаҳои ҷавонон ва боло бурдани фарҳанги миллӣ дар мадди аввал меистад. Пеш аз ҳама бояд дар назар дошт, ки бар асари таҳаввулоти азими иқтисодию иттилоотӣ, фарҳанги рӯзгор, тафаккур ва биниши ҷавонон низ тағйир пазируфтааст. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсиргузор мебошад.

Вазъи имрӯза вобаста бо тундравии ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки аз нофаҳмӣ ва ноогоҳию бехабарӣ аз фарҳанги миллӣ, паст будани сатҳи маърифатӣ, надоштани дониши сиёсӣ, надоштани мавқеъ дар оила ва ҷомеа, нокомиҳои иқтисодӣ, тангдастиҳои рӯзгор, ҷудошавии оилаҳо омил-ҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Онҳо ба дасисаҳои дастгоҳҳои иттилоотӣ бовар карда, ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, бо фикру ақидаҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонда, вазъро ноором месозанд. Бо мақсади баргардондан аз ин роҳ воситаҳои гуногуне мавҷуданд, ки садди роҳи онҳо мешаванд. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб институтҳои сиёсии ҷомеа ва ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки баҳри решакан кардани ин падидаи носолим дар якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, ташкил кардани системаи боэътимоди муқовимат ба терроризм ва экстремизм, амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳкунӣ, мустаҳкам кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омодагӣ ва такмили ихтисоси  кадрӣ, таъминот бо воситаҳои моддию техникии муосир, ҷалби сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.

Дар замони муосир  таҷдиди назар кардан ба раванди бонизоми таълиму тарбияи насли ҷавонон аҳамияти бузург дорад. Зарур аст, ки дар баробари омӯхтани илмҳои бунёдӣ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи навин ҷавонону наврасон доир ба динҳои ҷаҳонӣ низ иттилооти кофӣ дошта бошанд.

 

Маҳмудхон Убайдов,

мудири шуъбаи фанҳои табиию риёзии Пажӯҳишгоҳи

рушди маориф  ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш