Нашрияи Омӯзгор

Чанд монеа дар таълими забони давлатӣ

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши асосӣ мебозад.

Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ хеле равшан муқаррар кардааст. Аз ин ҷост, ки хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бидуни амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад. Ҳар қадар фарҳанги забони муоширати байналхалқӣ баланд бошад, ҳамон қадар фарҳанги забони миллӣ баланд мешавад. Ба дигар маънӣ, фарҳанги забони миллӣ бо сатҳи умумии фарҳанги ҷомеа, бо ташаккул ва тарбияи фарҳанги умумии шахсияти ҳамаҷониба обутобёфта тавъам мегардад.

Омӯзиши забони давлатӣ дар синфҳои таълимашон ба забони русӣ аз синфи 2 оғоз ёфта, дар давоми ҳафта аз 3 соат иборат аст. Дар синфи 2 омӯзиши мавзӯъҳо аз алифбо шурӯъ мешавад. Хонандагон аввал бояд алифбои забони тоҷикиро аз худ намуда, тафовути онро аз алифбои забони русӣ донанд, зеро баъзе аз ҳарфҳои забони тоҷикӣ ба монанди ҳарфҳои ғ,қ,ҷ,ҳ,ӯ,ӣ дар забони русӣ нестанд. Аз ин рӯ, ҳангоми талаффуз ва навишти калимаҳои дорои ин ҳарфҳо хонандагон ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Мушкили дигари омӯзиши забони давлатӣ ҳам дар навишт ва ҳам дар талаффуз риоя накардани ҳарфи “ӯ” мебошад. Ҳангоми навиштани чунин калимаҳо ба ҷойи ҳарфи “ӯ” ҳарфи “у” ё ин ки “ю, ё” менависанд. Инчунин ҳангоми навиштани калимаҳое, ки ҳарфҳои хоси забони тоҷикӣ ба монанди ҳарфҳои ғ,ҷ,қ,ҳ доранд, ба хатоиҳо роҳ медиҳанд ва ин ҳарфҳоро бе думча менависанд. Ҳарфи “ӣ” одатан, дар охири калима навишта мешавад, ки хонандагон ҳангоми навишт онро аслан намегузоранд. Дар вақти аз як сатр ба сатри дигар кӯчонидани калима низ ба ғалатҳо роҳ медиҳанд. Ба хонандагон тарзи дуруст ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани калима, имлои калимаҳои ҳарфҳои “ӣ” ва “ӯ” - доштаро омӯзондан лозим аст. Агар аз зинаҳои аввали таҳсил ба хонандагон қоидаҳои имлоро дуруст таълим диҳем, дар синфҳои болоӣ барои онҳо мушкилӣ эҷод намегардад.

Дар омӯзондани забон саҳми омӯзгор хеле муҳим аст. Омӯзгори закӣ ҳатман кӯшиш менамояд, ки шогирдонаш низ  босавод шаванд. Донистани қонуну қоидаҳои забон, ҳар як ҷузъиёти онро дар хотир нигоҳ доштан мушкил аст, бинобар ин омӯзгор пайваста бояд дар омӯзиш бошад ва аз шогирдони худ низ онро талаб намояд.

Забони тоҷикӣ, ки забони давлатист, баҳрест беканор аз калимаҳои нобу ширин. Барои ҳифз намудан ва донистани ин забон ва қонуну қоидаҳои он саҳми мо - омӯзгорон хеле муҳим аст, то ки ин ҳамаро ба насли наврас омӯзонем. Ҳар як шаҳраванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Ҳукумати кишвар истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

 

Мафтуна БУТАЕВА,

омӯзгори мактаби №54,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш