Нашрияи Омӯзгор

Забони модарӣ ва таҳаввулоти ҷаҳонии он

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Ҳеч як забони дунё танҳо бо истифода аз вожаҳои худӣ наметавонад арзи вуҷуд намояд. Имрӯз дар таркиби забони мо калимаҳои арабӣ, туркӣ, русӣ ва ғайра истифода мешаванд, ки ҳамчун моли худӣ ба табиати забони тоҷикӣ созгор шудаанд.

Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу ақидаҳо бо забон сарукор гирифтану тавассути он фикру мулоҳиза рондан аз кас диққати ҷиддиро тақозо менамояд.

Дар ҷаҳон аз рӯйи таҳқиқи забоншиносон беш аз 6 ҳазор  забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умумӣ 96 % мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ба ҳайси забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни онҳо забони модарии мо ҷойгоҳи худро дорад. Дар даврони ҷаҳонишавӣ ҳамин забонҳои расмиву давлатӣ ҳам зери нуфуз ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон қарор гирифта, дар бисёр ҳолат дар самтҳои гуногуни истифодаи забон ҷойи худро ба ин забонҳо дода истодаанд ва аз ин лиҳоз дар зери хавфи аз даст додани ҳувияти забонӣ қарор доранд. 

Агар ба омори ҷаҳонӣ нигарем, дар соли 2000-ум 62 дарсади китобҳои чопшудаи ҷаҳон ба НИА рост омада, 80 дарсади тамоми хабарҳои ҷаҳонӣ ба воситаи Ню-Йорк, Париж ва Лондон паҳн мегардиданд. Нобудшавии забонҳои маҳаллӣ низ яке аз хусусиятҳои хоси замони имрӯза аст. Дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ зиёда аз 90 забони маҳаллӣ аз байн рафтааст. Андешаҳои болоӣ гувоҳи онанд, ки имрӯз масъалаи ҳифзи забони модарӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба яке аз масоили бунёдии нигоҳдории асолат ва ҳувияти миллӣ табдил гардидааст. Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бояд воситаи муҳими тарбияи мардум дар рӯҳияи ҳурмату эҳтироми забони ҳамдигар, вобаста аз наслу насаб ва миллат бошад, ҳамдигарро ба омӯхтани забони якдигар ҳидоят намояд ва бо ҳамин васила забонҳоро аз нестшавӣ эмин дошта, ба рушду нумӯъ ёфтани онҳо мусоидат намояд.

Оид ба масъалаи мазкур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш “Забони миллат-ҳастии миллат” чунин таъкид менамоянд: “...нуфузи забони модарии мо аз ҳавзаҳои Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон фаротар рафта, ба қафқозу Осиёи Хурд, нимҷазираи ҳиндустону Ироқ доман паҳн кард ва садҳо сол дар ин ҳавзаи бузурги ҷаҳон нақши забони байналмилалиро ба уҳда гирифт”.

Муаллиф дар асари мазкури худ ёдовар мешавад, ки “Дар охирҳои асри Х нахустин адибони форсигӯ аз қавмҳои туркзабони Осиёи Миёна пайдо мешаванд ва чанде пас (садаҳои XI-XIY) илова ба Хуросону Мовароуннаҳр дар Озарбойҷон, Осиёи Сағир (Туркияи ҳозира) мактабҳои адабии машҳуре ба ин забон падид меоянд. Аз асрҳои XI-XIII шурӯъ карда “сафари ҳинд”-и ин забон оғоз гардид, ки тақрибан шаш аср тӯл мекашад”.

Аз давраи Сомониён то аз байн рафтани сулолаи Темуриёни Ҳинд ва забони расмӣ эълон гардидани забони англисӣ дар Ҳиндустон (ибтидои асри 19) забони модарии мо дар минтақаи васеъ аз Осиёи Хурд то нимҷазираи Ҳиндустон забони расмии давлатдориҳои хурду бузурги ин минтақаи паҳновар буда, дар рушду густариши фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши бузурге гузоштааст.

Имрӯз забони модарии мо дар се ҳавзаи забонӣ – Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар ҳоли густаришу равнақ қарор дошта, вазифаи иҷтимоии худро ҳамчун забони расмиву коргузорӣ ва давлатӣ бомуваффақият иҷро карда истода, барои таъмини  ваҳдати фарҳангиву тамаддуни ин сарзамини васеъ нақши муассир мегузорад.

Бо шарофати истиқлоли Ватанамон забони тоҷикӣ ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мероси гаронмоя гузоштаанд, барои таҳким бахшидани пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш истифода намоем.

           

С.Кенҷаев, Д.Хоҷаева,

дотсентон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш