.
Паёми навбатии Пешвои миллат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор ва созанда пеш меравад.
Чун Паёмҳои қаблӣ ин дафъа низ Пешвои миллат дар хусуси сиёсати хориҷию дохилии давлатамон дар марҳилаи кунунӣ бавусъат ибрози андеша намуда, масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба таври васеъ мавриди таҳлил қарор доданд: пешравию дастовардҳо, хусусан, камбудҳои ҷойдоштаро батафсил бозгӯ намуда, ҷиҳати бартараф гардонидани онҳо супоришу дастурҳо доданд. Роҳбари давлат идомаи сиёсати дарҳои бозро дар муносибат бо ҳамсоягону давлатҳои ҷаҳон ва дар ин ҷода, пеш аз ҳама, ҳамгироию ҳамкориро бо кишварҳои минтақаю дур наздик афзалиятнок ҳисобиданд.
Дар Паём Пешвои миллат вобаста ба соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла, зикр намуданд: “Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими давлати пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.” Дар идома вазъи соҳаро таҳлил намуда, Сарвари давлат баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, баланд бардоштани қобилияти эҷодии хонандагон, азбарнамоии забонҳо, азхудкунии донишҳои замонавӣ ва ҷалби хонандагонро ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулони соҳа муқаррар намуданд. Роҳбари давлат бо мақсади тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-умро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Барои самаранок гаштани иқдоми мазкур дастур дода шуд, ки ҳамасола дар тамоми зинаҳои таҳсилот, олимпиадаҳо аз сатҳи ноҳиявӣ оғоз карда, то сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор ва иштирокчиёну ғолибон ҳавасманду қадрдонӣ карда шаванд.
Бешубҳа, пешниҳоди Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф тадбири басо саривақтиву зарурист. Зеро асри 21 асри техникаву технология шинохта шудааст. Минбаъд равнақи ҷомеаи инсониро бе ҷорӣ намудани технологияи муосир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ тасаввур кардан ғайриимкон аст ва дар замони муосир, ки бархӯрди шадиди тамаддунҳо ба назар мерасад, танҳо он ҷавононе метавонанд дифоъ аз шаъну шарафи миллати хеш кунанд, ки воқеан, донандагони хуби илмҳои муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва забонҳои хориҷӣ бошанд.
Умуман, Паёми навбатии Пешвои миллат амсоли Паёмҳои қаблӣ хеле пурмуҳтавою фарогир буд ва дар давоми сол ҳар фарди ҷомеа ба он чун раҳнамою барнома бояд сару кор бигирад.
Раҳмоналӣ Сафаров,
номзади илмҳои сиёсӣ, декани факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ба номи С.Раҳимов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр