Нашрияи Омӯзгор

Такмили дониш - омили пешрафт

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Дар мактаби №1 –и ноҳия Носири Хусрав семинар - машварати омӯзишии фаннӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кӯдакистонҳо, роҳбарони синфҳо, иттиҳодияҳои методии фаннӣ иштирок намуданд.

Баҳри баланд бардоштани донишу фаҳмиши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳар моҳ мувофиқи нақша -  чорабинии шуъбаи маориф чунин омӯзишҳо ба роҳ монда мешаванд, - иттилоъ дод мудири шуъбаи маорифи ноҳия Комил Очилдиев.

- 112 нафар омӯзгори таърих ва ҳуқуқ, омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, маърифати оиладорӣ аз курси салоҳиятнокӣ гузадшта соҳиби сертификат гардиданд, - изҳор дошт К. Очилдиев. – Ҳамчунин, 93 нафар омӯзгори фанҳои гуногун аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.

Ба иттилои манбаъ, барои баланд бардоштани донишу фаҳмиши хонандагон ва дарёфти истеъдодҳо давоми се моҳи соли ҷорӣ байни хонандагон озмуну мусобиқаҳо гузаронда шуд.

Мудири шуъбаи маориф афзуд, ки дар даври дуюми озмун барои дарёфти квотаи Президентӣ 105 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, 77 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.  То санаи 31 - уми марти соли 2020 243 нафар хонанда дар Маркази миллии тестӣ худро ба қайд гирифтаанд, ки 40 фисади хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

С.АЗИЗӢ, “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш